«БЕ ЁДИ МО НАБОШЕД…». Нишасти илмию адабӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ёдбуди Саидҷон Ҳакимзода бахшида шуд

Январь 19, 2019 12:19

ДУШАНБЕ, 19.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нишасти илмию адабӣ доир гардид, ки он ба 80-солагии шоири зиндаёди тоҷик Саидҷон Ҳакимзода бахшида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагон Маҳмадалӣ Аҷамӣ хабар дод.

Агар умр вафо мекард, 25 январ  яке аз шоирони ватандӯст ва зебопарасти тоҷик Саидҷон Ҳакимзода   80-сола мешуд.

Ӯ соли 1939 дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеъ ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби деҳа фаро гирифта, соли 1969 факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педогогии Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1967-1975 мусаҳҳеҳ, баъдан, солҳои 1971-1975 мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақикати Кӯлоб» будааст. Солҳои 1975-1988 ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири Кумитаи вилоятии телевизион ва радио, ҳамчунин, муддате, дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи Ленинӣ» дар вазифаи мудири шуъба фаъолият доштааст. Аз соли 1988 то охири умраш дар вазифаи мудири шуъбаи радиошунавонии шаҳри Кӯлоб ва, ҳамзамон, раиси бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст.

Шеърҳои аввалини Саидҷон Ҳакимзода  аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд. Ӯмуаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Лолаи сурх» (1964), «Сарчашма» (1983), «Ҷигар­гӯша» (1987), «Хиромон» (1989), «Достони Сангак» (1983), «Садафмоҳ» (1993), «Фидоӣ»(1994), «Кӯҳпора» (1996), «Чеҳраи субҳ» (1997), «Куллиёт» (2009) ва ғ. мебошад.

Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд. Баъзе шеърҳои шоирони русу ӯзбекро ба тоҷикӣ гардондааст ва бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ низ шудааст.

Саидҷон Ҳакимзода соли 1990 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда буд ва  соли 2004 аз олам даргузашт.

 ***

Саидҷон Ҳакимзода 55 сол пеш бо китоби нахустини худ «Лолаи сурх» ба майдони васеи адабиёт ворид шуд ва дар ин майдон мавқеъ ва мартабаи худро пайдо кард. Баъди чоп шудани нахустин маҷмуаи ашъораш шоири шинохтаи тоҷик Муҳиддин Фарҳат дар бораи ӯ навишта буд: «Шеърҳои  Саидҷон Ҳакимзода бо тару тозагӣ ва самимияти худ диққати дӯстдорони назмро ҷалб мекунанд ва аз  ояндаи умедбахши ӯ шаҳодат медиҳанд. Ӯ дар асарҳои хурд-хурд мазмунҳои калонро ҷо дода, бо камоли ҷасорат қалам меронад. Аксарияти шеърҳои шоири ҷавон аз се-чор ё панҷ дубайтӣ иборат буда, бо салиқа мураттаб шудаанд. Шоири ҷавон нафақат ҷиҳати мазмунӣ ва техникии асарҳояшро бодиққат ва мулоҳизакорӣ ба мадди назар меоварад, балки конкретнависиро пеш гирифта, фикри образнокро барои навиштаҷоти худ ҳатмӣ қарор додааст».

***

Ӯ ҳамеша сафар менамуд, дар байни мардум мегашт ва рӯзгори инсонҳои оддӣ ва заҳматкашро ба қалам мекашид. Як шеъри ӯ «Суруди шоир» ном дорад, аслан он ба ҷумла шоирон ва  зиндагию сарнавишти  шоирон бахшида шудааст, вале баргирифта аз рӯзгори худи ӯст:

Монандаи бод доимо дар сафар аст,

Аз теппаву кӯҳу даштҳо даргузар аст.

Садди раҳи ӯ намешавад оташу об,

Аз оташу об дида он зӯртар аст.

Ҳамрози дили ҳазор одам гардад,

Маҳбуби суруру душмани ғам гардад.

Чун меҳри ҳаётбахши озодию бахт

Ҷо дар дили мардумони олам гардад…

Ҳавохоҳони адабиёт ва каломи бадеъ дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон  ашъори  Саидҷон Ҳакимзодаро воқеан дӯст медоранд, азёд мекунанд, мехонанд ва месароянд.

Адабиётшинос,  фолклоршинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии мактаби олии СССР профессор Соат Чалишев,    ки ашъори  Саидҷон Ҳакимзодаро таҳқиқ карда, дар шакли китоби алоҳида ба табъ расонидааст, чунин менависад: «Ин марди наҷиб бо шеъри рӯҳнавоз ва дилнишин, ҳазлу шӯхиҳои намакин, бо хислатҳои неки одамӣ дар қалби мардуми мо маҳкам ҷой гирифтааст. Дар ҷое, ки шоир Саидҷон Ҳакимзода ҳузур дорад, он ҷо хандаю шодӣ, он ҷо ҳазлу шӯхӣ, он ҷо шеъру латифа, он ҷо шавқи ҷавонӣ ҳукмфармост».

Чанде пеш бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар корхонаи рассомӣ – ҳайкалтарошии ҶДММ «Нури Шамс» — и шаҳри Кӯлоб намоиши асарҳои пайкарасоз, узви Иттифоқи рассомон, дизайнерон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Одинамадов  баргузор гардид. Дар он дар қатори дигар офаридаҳои пайкарасоз, аз қабили ҳайкали   Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҷассамаи Модар,  нимпайкараҳои Сайдалӣ Вализода, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода   нимпайкараи шоири маҳбуби халқ   Саидҷон Ҳакимзода низ ба намоиш гузошта шуд.

***

Саидҷон Ҳакимзода шоири ватандӯст ва зебопараст буд. Зебоиҳои кӯҳу пушта, дашту даман ва боғу чамани Тоҷикистони азиз ӯро ба илҳом меовард, зебоии инсонҳоро дар хулқу атвори неку шоистаи онҳо медид. Чанд намунаи ашъори шоир, ки дар зер оварда мешаванд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.

Кистам?

— Як пораи қалби Ватан,

Як нафар аз баҳри халқам ҷонсупор.

Як нафар дилдодаи бахти башар,

Як нафар дар аҳду паймон устувор.

Кистам?

— Як фарди одии ҳаёт,

Дар қатори одамон як одамам.

Лек рӯзи нангу номуси Ватан

Рустами шерафганам, як оламам…

***

Ман давоми решаи Исмоили Сомониям,
Тоҷики озодаму дар маснади султониям.
Ҷомаи Наврӯзи истиқлолро пӯшидаам,
Шохаи пурбораму дар айни гулафшониям.
Шишаи нанги маро ҳар санг натвонад шикаст,
Ҳифз созам хешро бо қудрати Яздониям.
Пушти он ҳафтод пуштам хокбӯсиро надид,
Ман Фаридуни Бадахшӣ, Рустами Хатлониям.
Аз балоҳову қазоҳое, ки омад бар сарам,
Дар паноҳаш дошт арвоҳи Алии сониям.
Нестам чун лолаи хуниндили саҳронишин,
Рӯи олам гашт пур аз дӯстони ҷониям.
Канда шуд тори умеди ҷумла қисматсозҳо,
Дидам ин фоли наку дар қисмати пешониям.

***

Дӯстӣ мустаҳкам аз бисёр дидан мешавад,
Аз ҷудоӣ рафта-рафта дӯст душман мешавад.
Аз фиреби Иблис одам асли худро гум накард,
Тухми гул дар хорзор афтода гулшан мешавад.
Мебарорад ҳукми қатли хешро бо дасти хеш,
Бегуноҳеро касе дар фикри куштан мешавад.
Ҳушёрӣ баъди биму тарс меояд ба даст,
Чашм дар торикии пурваҳм рӯшан мешавад.
Нӯш кардан аз шароби ғайр оқилро чӣ суд,
Хок рӯи қолин афтад, гарди доман мешавад.
Тоҷикистони азизам боз истиқлол ёфт,
Он чи аз ман буд рӯзе, боз аз ман мешавад.

***
Эй дӯстони ҷонӣ, бе ёди мо набошед,
Имрӯз ё ки сонӣ бе ёди мо набошед.
Мо меравем  гоҳе аз хеш бо хаёле,
Кардем дермонӣ, бе  ёди мо набошед.
Дар табъи саркаши мо, рӯҳи мушавваши мо,
Гар ҳаст норавонӣ, бе ёди мо набошед.
Бори тамоми олам бар дӯши қисмати мост,
Гоҳе кунад гаронӣ, бе ёди мо набошед.
Гӯянд ҳаст як дам умри дарози одам,
Дар ин ҷаҳони фонӣ, бе ёди мо набошед.
Пастем ё баландем, хурдем ё бузургем,
Ин аст зиндагонӣ, бе ёди мо набошед.

                                                                  Ҳозиркунандаи чоп
                                                                                  Саид АЛӢ

Январь 19, 2019 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»