Бояд барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шавад-бардошт аз мулоқот оид ба шарҳи Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонону варзишгарон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд бомаром идома доранд.
Аз ҷумла, 8 январи соли равон бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуфар Исмоилзода ва муовини раиси ноҳияи Деваштич дар ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва Далёни Поёни ноҳияи Деваштич вохӯриҳои судманд доир гардиданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки «Паёми Пешвои миллат китоби ҳикмату насиҳат ва нақшаи солонаи ҳар як фарди равшанфикри ҷомеа мебошад. Дар Паёми имсолаи хеш Сарвари давлат ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушди соҳаи варзиш ва ҷавонон, омодагӣ ба ҷашни миллӣ- 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода, барои ҳалли мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд».
Аз ҷумла, Пешвои миллат ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, зикр намуданд, ки бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем.
Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти мамлакат пешбинӣ гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин вохӯриҳои судманд оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат бо соҳибкорони ҶДММ бозори «Корвон», бозори «Меҳргон», кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» гузаронида шуданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






