Чаро дарахтони боғи навбунёди Дашти Марзои ноҳияи Файзобод хушк шудаанд?- бардошт аз нишасти матбуотии ноҳия

Январь 29, 2019 15:20

ФАЙЗОБОД, 29.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Зимни нишасти матбуотии ноҳияи Файзобод хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд сабабҳои ба роҳ намондани истеҳсоли гӯшти парандаро дар корхонаи «Мурғи ҳилол»   ва обёрӣ нагардидану хушкшавии дарахтони 120 гектар боғи навбунёди Дашти Марзои Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияро пурсон шуд.  

Раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ  иброз дошт, ки яке аз сабабҳои  асосии  истеҳсол нагардидани гӯшти паранда дар корхонаи «Мурғи ҳилол»- ин буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва муфлисшавии корхонаи мазкур мебошад. Вале имрӯзҳо бо дастгирии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшиши роҳбарияти корхона саршумори парранда ба 400 ҳазор сар расидааст. Дар ин корхона дар як сол 25 млн дона тухм истеҳсол мешавад.

Тибқи нақша, соли 2019  дар  корхонаи «Мурғи ҳилол» истеҳсоли гӯшти мурғ ба роҳ монда мешавад.    Бояд зикр намуд, ки роҳандозии истеҳсоли гӯшти паранда дар корхонаи мазкур яке аз супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корияшон ба ноҳияи Файзобод мебошад.

Раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод Аскар Саидов оид ба хушкшавӣ ва обёрӣ нагардидани боғи навбунёди Дашти Марзо иброз дошт, ки «боғи мазкурро бо саҳми хоҷагидорон ва тавассути  насосҳои обкаш обёрӣ менамоем. Соли 2018 боғдорон  аз як қисми он ҳосил гирифтанд».

Бояд гуфт, ки  моҳи апрели соли 2014 дар майдони 120 гектар бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бунёди боғи нави себу нок дар мавзеи хушбоду ҳавои Дашти Марзои Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт оғоз гардид. Ин боғ ба таври намунавӣ бояд дар майдони васеъ доман паҳн мекард.

Тибқи нақша, бояд ба бунёд ва нигоҳубини ин боғ 60 хоҷагии деҳқонӣ машғул мешуданд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар яки он 2 гектарӣ рост меомад. Мутаассифона,   аз сабаби хунукназарии масъулини Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт нисбат ба таъмини оби полезӣ ба хоҷагиҳо  ва беаҳамиятии хоҷагидорон як қисми дарахтон хушк шуда, қисмати зиёди он нашъунамо наёфтаанд. Роҳбарону масъулин бо гузашти беш аз 4 сол онро ҳамчун боғи намунавӣ ба ҷомеа пешниҳод карда натавонистанд.

Январь 29, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд