Чемпионати Осиё: дастаҳои мунтахаби Япония ва Қатар дар финал бо ҳам қувва месанҷанд
ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии финалии Чемпионати Осиё-2019 дастаҳои мунтахаби Япония ва Қатар барои Ҷоми миллатҳои Осиё қувва месанҷанд. Ин дар ҳоле муайян шуд, ки шаби гузашта дар варзишгоҳи «Муҳаммад бин Зайд Стедиум»-и шаҳри Абу Дабӣ дастаи мунтахаби Қатар мизбонони Чемпионати 17-уми Осиё- дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Арабро бо натиҷаи 4:0 шикаст дод. Мухбири АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ дар ин бора гузориш медиҳад.
Ин вохӯрӣ дар ҳузури беш аз 38 646 мухлис доир гардид. Дастаи мунтахаби АМА бо вуҷуди он ки дар рақобатҳои гурӯҳӣ бозии начандон ҷолиб нишон дод, бо касби 5 имтиёз дар гурӯҳи “А” садрнишин шуд ва дар марҳалаи 1/8-ниҳоӣ садди душвори футболбозони қирғизро гузашта (3:2), дастаи мунтахаби Австралияро дар ¼ -финал бо заҳмати зиёд (1:0) мағлуб кард. Аммо дар бозии нимниҳоӣ дар баробари дастаи мунтахаби Қатар нотавонии ин даста баръало намоён шуд ва қатариҳо ба дарвозаи онҳо чор голи беҷавоб заданд.
Дастаи мунтахаби Қатар ягона дастаест, ки дар бозиҳои Чемпионати Осиё-2019 ҳамаи бозиҳояшро бо ғалаба анҷом додааст. (Лубнон-2:0, Кореяи Шимолӣ- 6:0, Арабистони Саудӣ -2:0-дар бозиҳои гурӯҳи “Е”, Ироқ -1:0,1/8-ниҳоӣ, Кореяи Ҷанубӣ-1:0, ¼-ниҳоӣ ва АМА-4:0, ½-ниҳоӣ). Ба дарвозабони онҳо Саъд Ашшиб муяссар гардид, ки то бозии финалӣ дарвозаашро аз гол эмин нигоҳ дорад. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Қатар Алмаъз Алӣ бо 8 тӯби ба дарвозаи ҳарифон задааш дар қатори нишонзанҳои пешсаф мебошад.
Аз панҷ вохӯрие, ки дастаҳои мунтахаби Қатар ва АМА бо ҳам доштанд, 4 бозӣ бо ғалабаи АМА ва танҳо як вохӯрӣ бо пирӯзии қатариҳо ҳанӯз дар соли 2001 ба қайд гирифта шудааст. Аммо дар вохӯрии асосию ҳалкунанда дирӯз дастаи мунтахаби Қатар ҳамаро ҳайратзада кард. Бӯалим Хухӣ дар дақиқаи 22-юм ҳисобро боз кард. Алӣ Алмаъз (37) ҳисобро афзуд. Ҳасан Ҳайдос дар нимаи дуввум голи сеюмро зада, Исмоил Халифа баъди чанд сонияи ба майдон омаданаш (90+1) голи охиринро зад. Ҳисоб 4:0 шуд ва Қатар ба бозии финалӣ роҳхат гирифт.
Акнун дар бозии ниҳоӣ 1 феврал дастаҳои мунтахаби Япония ва Қатар барои Ҷоми миллатҳои Осиё -2019 бо ҳам қувва месанҷанд.








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






