Дар Душанбе ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 январи соли 2019 муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи мавзӯъҳои мубрами ҳамкории мутақобилан судманди ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин таҷрибаи хуби ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ бо қаноатмандӣ таъкид намуда, дар мавриди баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар нимаи аввали соли 2019 дар қаламрави ду кишвар табодули афкор намуданд.








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






