Дар Душанбе Рӯзи таъсиси Донишгоҳи давлатии Москва таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар филиалаи Донишгоҳи давлатии Москва (ДДМ) ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 264-умин солгарди таъсиси донишгоҳи мазкур таҷлил карда шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур ректори филиали ДДМ ба номи М. Ломоносов дар Душанбе Сайъло Мирзоев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, намояндагони филиалҳои донишгоҳҳои пешқадами Россия дар Душанбе ва намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон, инчунин донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорони филиали ДДМ иштирок намуданд.
Ин чорабинӣ бо саёҳати виртуалӣ ба таърих, вақте ки соли 1755 император Елизавета Петровна Фармон дар бораи таъсиси донишгоҳро ба имзо расонид, оғоз гардид. Донишгоҳи Москва дар ҳақиқат куҳантарин донишгоҳи Россия мебошад. Таъсиси он бо шарофати фаъолияти барҷастаи олим ва энсиклопедист, нахустин академики рус Михаил Ломоносов имконпазир гардид.
Дар ибтидо, ифтитоҳи донишгоҳ соли 1754 ба нақша гирифта шуда буд, вале бинобар корҳои омодагии марбут ба таъмири бино, он соли 1975 ифтитоҳ гардид. Дар донишгоҳ ба хотири рӯзи баимзорасии фармон ҳамасола Рӯзи Татяна (12 январ аз рӯи тақвими юлианӣ ва 25 январ аз рӯи тақвими григориании асрҳои XX-XXI) таҷлил карда мешавад. Елизавета Петровна фармонро 12 январи (25 январ аз рӯи услуби нав) соли 1755 дар Рӯзи Татянаи муқаддас аз рӯи тақвими калисои православянӣ – ҳомии ҳамаи донишҷӯён ба имзо расонд. Аз он вақт инҷониб 25 январ ҳамасола ҳамчун Рӯзи Татяна таҷлил карда мешавад.
Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов яке аз донишгоҳҳои аввалине мебошад, ки миёни донишгоҳҳои Россия дар рейтингҳои байналмилалӣ ва дохилӣ пешсаф эътироф шудааст. Донишгоҳ аз 41 факулта иборат буда, дар он беш аз 50 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. 11 нафар олимон-хатмкунандагони ин донишгоҳ дар рӯйхати ҷоизадорони Нобел мебошанд. ДДМ ҳамчунин 15 институти илмию тадқиқотӣ ва 6 филиалро (аз ҷумла, 5-тои онҳо дар ҳамаи кишварҳои ИДМ) дар бар мегирад.
«Ин бори чандум аст, ки ман дар чорабиниҳои марбут ба таъсиси донишгоҳ дар филиали ДДМ дар Душанбе ширкат меварзам. Ин ҷо бо як ҷаҳон хушнудӣ меоям. Ман ба ҳамаи онҳое, ки дар ин муассисаи таҳсилоти зебои куҳантарин таҳсил ва кор мекунанд, ҳасад мебарам. Рӯзи таъсиси ДДМ, ё ба ибораи дигар Рӯзи Татяна, воқеан на танҳо ҷашни ҳамаи донишҷӯён, балки ҳамаи ҷавонон мебошад. Ин бисёр айёми беҳтаринест, вақте ки меомӯзӣ, ба воя мерасӣ, дониши нав меандӯзӣ ва ҳаёти пур аз донишҷӯӣ, аҷиб ва фаромӯшнашаванда ба сар мебарӣ. Мехоҳам ба ҳамаи донишҷӯён ва омӯзгорони филиали ДДМ дар Душанбе некӯаҳволиву комёбиҳои беназир таманно намоям, зеро ДДМ на танҳо яке аз донишгоҳҳои пешсаф дар Россия, балки дар тамоми ҷаҳон мебошад», — гуфт Игор Лякин-Фролов зимни суханронии худ.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бо иштироки гурӯҳҳои эҷодӣ ва мусиқӣ, инчунин донишҷӯёни филиали ДДМ дар Душанбе, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва дигар филиалҳои донишгоҳҳои Россия дар Душанбе баргузор гардид.
Кристина ЭРЛИХ,
АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид






