Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» Паёми навбатии Пешвои миллатро ба кормандон шарҳу тавзеҳ доданд

Январь 18, 2019 16:52

НОРАК, 18.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи  Неругоҳи барқи обии «Норак» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, судяҳои Суди Олии ҷумҳурӣ Абдуқаҳҳор Тағозода,  Шараф Аланазарзода  ва сардори Неругоҳи барқи обии «Норак» Фазлиддин Шоиддинов Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии мамлакатро ба кормандони ин корхонаи стратегии ҷумҳурӣ шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки сиёсати дарҳои кушод барои ташаккули обрӯи мусбати байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Дар ин замина ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат метавонанд далел бошанд. Мояи хурсандии мост, ки дипломатияи обию энергетикии Тоҷикистон барои муаррифии мусбати кишвари мо равона шуда, аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ ташаббуси Пешвои миллат- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабулу ҷонибдорӣ гардид. Бинобар ин, сиёсати хориҷии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба ҳифз ва татбиқи манфиатҳои миллӣ нигаронида шудааст.

Сармуҳандиси НБО-и «Норак»  Рустам Фозилов изҳор дошт, ки «Паёми навбатӣ  аз оғоз то анҷом ваҳдату ҳамгироиву ободкориҳои сокинони мамлакатро фарогир буд. Озодиву истиқлол дар Паёми Навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «неъмати бузурги миллати куҳанбунёди тоҷик» баҳогузорӣ гардида,  даъват барои ҳифзу нигаҳдошти он муҷиби пойдории ин сарзамину фарҳанг барои наслҳои минбаъда дониста мешавад. Соли 2018 барои мо, энергетикон соли фараҳбахш буд, чунки дар ин сол миллати тоҷик бо заҳматҳои Сарвари бузургамон истиқлолияти энергетикӣ ба даст овард ва содироти неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя зиёд намуд. Ҳамчунин хурсандиовар аст,  ки моҳи марти соли 2019 бо ташаббуси махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои барқарорсозии НБО-и «Норак» оғоз мегарданд. Дар айни замон дар  НБО-и «Норак» барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маросими муҳими давлатӣ корҳои омодагӣ ҷараён доранд».

Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Норак гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тафсир намуда истодаанд.

Мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак  Мунира Ҳакимова мегӯяд, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон нисбат ба ҷо ба ҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон дар сохторҳои давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.  Ин сиёсати Пешвои миллат оид ба дастгирии занон ва оила, пеш аз ҳама, ба оянда нигаронида шудааст. Зеро ҳар қадаре оила мустаҳкам бошад, он ба таври табиӣ барои аз байн бурдани падидаҳои номатлуб мусоидат мекунад. Бинобар ин, дастгирии давлатии занон ва таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ ба наслҳои минбаъда таъсири мусбати худро мерасонад. Аз ин сабаб давра ба давра ҷудошавии оилаҳо кам гардида, ин мушкилоти ҷомеа бартараф мегардад».

Январь 18, 2019 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон