Дар ноҳияи Рашт Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ медиҳанд

Январь 11, 2019 14:52

РАШТ, 11.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Қасри фарҳанги ноҳияи  Рашт  ҷиҳати таблиғу ташвиқи муҳтавои  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуҷаббор Азизӣ,  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ  Абдураҳим Холиқзода, омӯзгорону донишҷӯён ва сокинони ноҳия ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми хеш ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ин иқдом идомаи мантиқии чораҳои марбут ба ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ, ки қаблан аз ҷониби Сарвари давлат ҷорӣ гардида буданд, мебошад. Зеро маҳз чунин иқдомоти пайгирона шароит фароҳам месозад, ки соҳибкорони ҷумҳурӣ бо дили гарм ва меҳнати содиқона дар таҳкими инфрасохтор, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ дар раванди аз давлати  аграрӣ ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд гузоранд.

Ҳамчунин таъкид намуданд, ки дар асоси паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд аз имкониятҳои мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мафкуравӣ дуруст истифода намуда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлолро тавассути меъёрҳои иҷтимоии устувор тарбия намоем.

Зикр шуд, ки муттаҳидию сарҷамъии халқи Тоҷикистон, наслҳои имрӯзу ояндаи он атрофи арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат на танҳо халқи моро аз таъсири манфии офатҳо ва иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд, балки тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ мекунад.

 

Январь 11, 2019 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон