Дар шаҳри Хуҷанд барои шарҳу тавзеҳ додани Паёми Пешвои миллат силсилавохӯриҳо оғоз гардиданд
ХУҶАНД, 09.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 7 январи соли равон бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани нуктаҳои асосии он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд ва маркази он- шаҳри Хуҷанд аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон вохӯриҳо оғоз гардиданд.
Ин гуна мулоқотҳо асосан бо фарогирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи маҳаллӣ, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ- омӯзгорон, табибон, фаъолони маҳаллаҳо, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва собиқадорони меҳнат доир мегарданд.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», дар ин замина дирӯз дар толори Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони гурӯҳи кории ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолон ва бошандагони маҳаллаҳои Темурмалик, Тиллокон ва устодони мактаби мазкур мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфтанд.
Аз ҷумла, иштирокдорон зикр доштанд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дарвоқеъ фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои солҳои минбаъда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иҷтимои иқтисодии кишвар барои ҳалли он дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат тадбирҳои муассир андешида истодааст. Аз ҷумла, дар самти солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ танҳо давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.
Ҳамзамон зимни мулоқот баромадкунандагон ба суолҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Баргузории ин гуна силсиламулоқотҳо бо ҷалби сокинони шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят идома меёбад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






