ДАРАХТ БИНШОН! Профессор Саидалӣ Гулов: «Бо бунёди боғҳои интенсивӣ ҳосили 10 гектарро аз 1 гектар рӯёнидан мумкин…»

Январь 22, 2019 14:41

ДУШАНБЕ, 22.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бунёди боғу токзор диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имсол ба нақша гирифта шудааст, ки  дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсолу коркарди мева афзоиш  дода шавад. Зеро ин имкон медиҳад, ки даромади аҳолӣ зиёд ва сатҳи зиндагашон беҳтар гардад.  

 Тавре  доктори илмҳои биологӣ, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Саидалӣ ГУЛОВ   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, то имрӯз бо ташаббуси бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  се барномаи рушди соҳаи  боғу токпарварӣ қабул гардидаанд.   «Ҳазорҳо гектар боғҳои анъанавӣ ва интенсивии ба содирот равонашудаи мамлакат, ки солҳои охир бо ҳидоят ва иштироки бевоситаи  Сарвари давлат  бунёд ёфтаанд, фардо манбаи даромаду зиндагии шоистаи мардум ва  зебоию шукуфоии кишвар хоҳад буд», — мегӯяд ӯ.

Саидалӣ Гулов

Барномаи бори охир қабулгардида- ин «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мебошад.  «Тадқиқоти  стратегии ватанӣ  ва хориҷӣ дар 10- 15 соли охир пешниҳод намуданд, ки Тоҷикистон метавонад дар соҳаи  боғпарварӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз беҳтаринҳо бошад. Сабаби рушд додани соҳаи боғу токпарварӣ дар Тоҷикистон  он аст, ки тамоми  хоку иқлими ҷумҳурии мо  ба ин самт равона шудааст. Агар мо муқоиса кунем, то солҳои 90 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 63,7 ҳазор гектар боғҳо мавҷуд буданд. Имрӯз ин шумора  ба  190 ҳазор гектар расидааст»,- иброз дошт   С. Гулов.

Бино ба зикри профессори  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, «ҳарчанд ки   имрӯз майдонҳои боғу токзор рӯ ба афзоиш доранд, вале ҳосилнокии миёнаи онҳо  аз ҳар гектар  зиёд нест. Аз ин рӯ моро зарур меояд, ки маҳсулнокиро на аз ҳисоби зиёд намудани майдонҳои боғ, балки аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда  ва ҷорӣ намудани технологияи нави инноватсионӣ  баланд бардорем. Инчунин  тамоми кӯшишу тавсияҳои мутахассисону олимони соҳа бояд ба ин самт равона карда шаванд. Ҳоло вақти он расидааст, ки  мо  ба бунёди  боғҳои интенсивӣ рӯ орем».

Ба гуфтаи Саидалӣ Гулов, ҳоло 3 намуди бунёди боғ: экстенсивӣ, интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мавҷуд буда, дар боғҳои экстенсивӣ дар як гектар замин то 300- 350 дарахт ҷойгир карда  мешаванд. Дар боғҳои  интенсивӣ  дар як гектар  замин то 1500 дарахт ҷойгир шуда, дар боғҳои суперинтенсивӣ то 5 ҳазор дарахт дар як гектар ҷой дода мешаванд.

«Системаи боғпарварии интенсивӣ дар Тоҷикистон  соли 2011 оғоз ёфта, то имрӯз дар Тоҷикистон 581 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудаанд. Бештари  онҳо  боғҳои себ, нок, шафтолу, олу, гелос ва зардолу мебошанд. Имсол аллакай боғҳои интенсивии чормағз низ дар шаҳри Турсунзода дар майдони зиёда аз 60 гектар бунёд карда шуданд. Мақсади  асосии гузаштан ба системаи навини  инноватсионӣ он аст, ки аз майдони кам метавон ҳосили баланди босифат ба даст овард. Ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ аз як гектар то 50- 60 тоннаро ташкил  медиҳад. Боғҳои  экстенсивӣ  аз як гектар ба ҳисоби миёна  4-5 тонна ҳосил медиҳанд. Аз ин рӯ мо метавонем, ки  бо бунёди боғҳои интенсивӣ ҳосили 10 гектар заминро аз 1 гектар замин рӯёнида, 9 гектар замини боқимондаро  барои  парвариши  дигар зироати кишоварзӣ, ки имрӯз зарур аст, истифода намоем.

Ҳоло яке аз сабабҳои кам содирот шудани меваи мо ба хориҷи кишвар- ин сифати хуби стандартӣ надоштани онҳост. Ҳарчанд ки  меваҳои ҷумҳурии мо аз ҷиҳати лаззат беҳамто ҳастанд,  вале аз ҷиҳати намуд, андоза ва дигар талаботи стандартии содиротӣ ҷавобгӯй намебошанд. Зеро  барои ба танзим даровардани ҳосилнокӣ ва андозаи меваи дарахтон системаи кӯҳнаи парвариш имконият намедиҳад, чунки ин дарахтон хеле баланд ва калонҳаҷм мебошанд. Дар боғҳои интенсивӣ дарахтон асосан миёнақад ва кӯтоҳ буда,  имкони танзим намудани ҳосил    ва сифату ҳаҷм мавҷуд аст. Бо ин мақсад Пешвои миллат дар пешниҳоди Паёми имсолаи худ иброз доштанд, ки бояд боғҳои кӯҳнаро барқарор намуда, ба бунёди боғҳои интенсивӣ гузарем, ки маҳсулнокӣ ва сифати онҳо дар истеҳсолот баланд бошад»,- иброз дошт профессори  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.

-Имрӯз боғпарваронро зарур аст, ки  ҳангоми бунёди боғ ниҳолҳои стандартии ба талабот ҷавобгӯй, пайвандшуда ва минтақабоб харидорӣ намоянд.  Ҳатман аз  тавсияи мутахассисону олимон истифода  намуда, боғҳо бунёд кунанд, зеро кӯр-кӯрона бунёд кардани боғ ба хатоиҳои гуногун оварда расонида, камбудиҳои он баъд аз 7-8 сол маълум мешаванд.   Танҳо дар асоси ҷорӣ намудани технологияи дурусти парвариши боғ мо метавонем дар оянда ҳосили хуби босифат ба даст орем,-мегӯяд Саидалӣ Гулов.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»  бояд дар ҷумҳурӣ 20 ҳазору 153 гектар, аз ҷумла 502 гектар боғҳои интенсивӣ  бунёд карда шаванд.

Январь 22, 2019 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад