ДАРАХТ БИНШОН! То соли 2020 дар Тоҷикистон зиёда аз 20 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд карда мешаванд

Январь 3, 2019 12:10

ДУШАНБЕ, 03.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабри  соли 2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ба тасвиб расид. Тибқи он дар муддати 5 сол бояд зиёда аз 20 ҳазору  153 гектар боғу токзор бунёд карда шавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  боғу токпарварӣ аз соҳаҳои афзалиятноки кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани ҳаҷми содирот ва бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани аҳолӣ  нақши муҳим мебозад.

Тавре муовини сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухиддин Набиев зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, шинонидани ниҳол, нигоҳубин ва сабзонидани боғ дар баробари тарбияи фарзанди солеҳ ва бунёди иморат яке аз суннатҳои писандидаи фарҳанги мардуми ориёӣ ба ҳисоб меравад. Ин амр баёнгари усулҳои ҷавҳарии маърифату маданияти қадимаи заминдорӣ ва ҷузъи таркибии фарҳангу тамаддуни деринаи мо мебошад.

Вобаста ба ин Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра корҳои назаррас ба анҷом расонида, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат соли 2015 «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016-2020»- ро  дар якҷоягӣ бо мутахассисон ва олимони соҳа таҳия намуд.

«Бояд гуфт, ки соли  2018 дар ҷумҳурӣ  дар майдони 2 ҳазору 858 гектар боғу токзор бунёд гардид, ки аз инҳо  2 ҳазору 641 гектарашро боғ ва 142  гектарро майдони токзор ташкил медиҳад.  Имрӯз низ дар мамлакат ҷараёни бунёди боғу токзор идома дошта, Вазорати кишоварзӣ дар ин самт корҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст.  Мавриди  зикр аст, ки дар кишвар бунёди боғҳои интенсивӣ сол аз сол зиёд гардида, мувофиқи  маълумоти фаврӣ, соли 2018  зиёда аз 49 ҳазор  гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудаанд»,- гуфт Фаррухиддин Набиев.

Ба иттилои номбурда, боғҳои интенсивӣ дорои   афзалияти зиёд буда,  дар муддати 2-3 сол ба ҳосил медароянд ва хароҷоти худро дар кӯтоҳтарин  муддат мепӯшонанд. Инчунин боғҳои интенсивӣ имконият доранд, ки аз як гектар то 40-50 тонна ҳосил диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол якшанбеи дуюми моҳи январ дар  мамлакат  Иди Сада ва ҷашни кишоварзон доир мегардад. Дар ин рӯз ярмарка- фурӯши ниҳолҳо ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ ба роҳ монда  мешавад. Дар ярмарка- фурӯши ниҳолҳо  аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ниҳолпарварон  беҳтарин навъҳои дарахтон, ба монанди  себ, анор, олу, зардолу, бодом, инчунин гулу буттаҳои ороишӣ ва тухмии зироати кишоварзии дорои сертификати мутобиқат ба талаботро ба фурӯш мебароранд.

Бояд гуфт, ки  баргузории ярмарка- фурӯши ниҳолҳо  дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғду Бадахшон  ба нақша гирифта шудааст.

                                                        Холисаи АСОМИДДИН,
                                                                  АМИТ «Ховар»

Январь 3, 2019 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад