Давлат Сафар: «Паёми навбатии Пешвои миллат барҳақ паёми зиндагонист!»

Январь 4, 2019 11:11

ДУШАНБЕ, 4.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад. Муҳтавои Паёми имсола он аст, ки нақшаю барномаҳои давлатии роҳандозигардида натиҷаи нек ва боварибахш дода,  иҷрои онҳо бо кӯшишҳои пайгирона ва ҳамешагии мардуми заҳматпешаамон амалан татбиқ шуда истодаанд.

Тавассути  Паёми имсола Сарвари давлат  саҳифаҳои кору пайкори халқу миллати тоҷикро давоми солҳои охир варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд.

Шоир Давлат Сафар низ дар шеъри нави худ Паёми навбатии Пешвои миллатро барҳақ паёми зиндагонӣ номида, пешрафту шукуфоии мамлакатро ин гуна ба риштаи назм кашидааст:

ПАЁМЕ, КИ ПАЁМИ ЗИНДАГОНИСТ!

 

Мурғи бахти мо кушояд бол аз нав,

Умри мо дар худ бубинад фол аз нав.

Кӯҳнапардозӣ биёбад ҳол аз нав,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Нанги Роғунсозӣ авҷи тоза гирад,

Дар ҳақиқат шуҳраву овоза гирад,

Завқ ҳам неруи беандоза гирад,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Бори каҷ дигар наёбад роҳи манзил,

Ростӣ осон кунад ҳар кори мушкил,

Ҳар чӣ дар дил буд, нишинад боз бар дил,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Мешавад аз тарбият ҳам ақл солим,

Беадаб одоб мегирад зи олим,

Сангдилро меҳр месозад мулоим,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Оҷиз охир мешавад зӯру тавоно,

Соя аз хуршед мегардад муҷалло,

Мешавад гумгашта аз нав боз пайдо,

Аз Паёме, ки Паёми ормонист.

 

Кўр ҳам бо чашми дил оина бинад,

Дўст охир хасми худ бе кина бинад.

Меҳр ҷои хешро дар сина бинад,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Дард ҳам ғофил намонад аз табибаш,

Халқ хушнуд аст доим аз ҳабибаш.

Ризқи худ ҳар кас бубинад аз насибаш,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Ақл дигар дар замин бинад фалакро,

Гавҳари иқбол бинад мардумакро,

Арҷ бояд ҳар нафас нону намакро,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Мо зи сад Қорун фузун сармоя дорем

Беҳ зи хеши дури худ ҳамсоя дорем,

Мо зи хуршеди муҳаббат соя дорем,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Меҳани обему кӯҳи обрўем,

Минбари номусу зеби гуфтугўем,

Қалби саршори умеду орзуем,

Аз Паёме, ки Паёми ҷовидонист.

Январь 4, 2019 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон