Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷаҳони муосир ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 23, 2019 11:27

ДУШАНБЕ, 23.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Китоби нав-маҷмӯаи суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 222 саҳифа бо забони русӣ дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе таҳти номи  «Дар бораи ҷаҳони муосир ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон асосгузор ва   раҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд. Дар китоби нашршуда  бори аввал ҳамаи матнҳои марбут ба бахшҳои сиёсати хориҷии дар паёмҳои ҳамасолаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат аз солҳои 2000 то соли  2018  инъикосёфта  гирд оварда шудаанд.

Таҳқиқи онҳо ба хонандаи шавқманд имкон медиҳад, ки аз суханрониҳои  мустақими Сарвари давлат  бевосита оид ба асосҳои консептуалӣ, хислат, самтҳои асосӣ, масъалаҳои рӯзмарра ва ташаббуси байналмилалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтидори сиёсии хориҷии кишвар, таҳаввули доктринаи сиёсии хориҷӣ, афзалиятҳои асосии сиёсии хориҷӣ, хусусиятҳои хоси дипломатияи иқтисодӣ ва стратегияи иқтисодии хориҷии давлат барои худ  маълумот ба даст орад.

Маҷмӯаи президентӣ бо ташаббуси ҳайати таҳририяи «Народная газета»- нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон ба табъ расидааст. Китобро муаллифи пешгуфтор — доктори илмҳои таърих, мушовири калони дастгоҳи Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода ва номзади илмҳои сиёсӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова тартиб додаанд.

Шакли электронии нашрия дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир шуда, китобро аз китобхонаҳо ва мағозаҳои китоби пойтахти ҷумҳурӣ дастрас намудан мумкин аст.

Январь 23, 2019 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд