«Гидропоника. Натиҷаи озмоиш шигифтангез аст», «Равшанӣ то Бадахшон»-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Январь 10, 2019 15:13

 ДУШАНБЕ, 10.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон, ки ҳафтаи дуюми соли нави мелодии 2019  маҳсуб меёбад,  дар саҳифаҳои матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоду чорабиниҳои муҳиме, ки дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастанд, бозтоб ёфтаанд.

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи 9 январи соли 2019 (№8 (23611) соли  94-уми нашри худ мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро таҳти унвони «Дарахти сабзи истиқлоли меҳан» чоп намудааст. Дар он Шоири халқии Тоҷикистон доир ба иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонӣ дар кишвар андеша ронда, гуфтааст, ки «ҳашарҳои сабзкориву ниҳолшинонӣ бо иқдоми Сарвари кишвар дар мамлакатамон на фақат аҳамияти сарсабзу зебогардонӣ доранд. Онҳо моро аз хатарҳои мудҳиши экологӣ, хушксоливу маҳви ҷонварон низ то ҷойе нигоҳ дошта, муҳити хуш ва ҳавои тозаро фароҳам оварда,  ба асолати таърихии кӯҳистони пурбаракатамон бозмегардонанд». Ҳамзамон дар ин мақола омадааст, ки «хушбахтона, сиёсати ободкории пешгирифтаи Пешвои миллатамон имрӯз сабаби пайдо шудани ҳазорон гектар боғу токзор, гулистону бӯстонҳои нозанин ва фараҳбахш гардидааст. Ин иқдомҳо аз ҷониби тамоми сокинони кишвар дар ҳама ҷо ва дар дурдасттарин гӯшаҳои кӯҳистони мо ҳам бояд дастгирӣ ва пайравӣ ёбанд».

«Паём ҳуҷҷати  барномавӣ ва дастури ояндасоз»- таҳти чунин унвон  сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуманнон Додозода андешаҳояшро роҷеъ ба Паёми Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат баён карда, гуфтааст, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дастури созандагию бунёдкорӣ  ба  кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта,  амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ  ба рушди минбаъдаи  иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат  хоҳад намуд».

Хонандагон ҳамзамон аз саҳифаи аввали нашрияи «Ҷумҳурият» метавонанд таҳти унвони «Марҳилаи нави созандагӣ» суҳбати хабарнигори нашрия Дилшод Амировро бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи  Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода мутолиа намоянд, ки аз рушду тавсеаи корҳои бунёдкорию созандагӣ дар ин минтақаи дурдасти кӯҳистони  Тоҷикистон  нақл мекунад. Ҳамзамон дар саҳифаи якуми нашрияи «Ҷумҳурият» хабар дар мавриди  содироти аввалин  тракторҳои  тамғаи «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х», ки  дар ҶСП «Агротехсервис» -и шаҳри Ҳисор  ҷамъу васл гардидаанд, чоп шудааст.

«Гидропоника 2. Натиҷаи озмоиш  шигифтангез аст»- таҳти ин унвон мусоҳибаи хабарнигорони нашрияи «Ҷумҳурият» Хуршеди Ҷовид ва Ҷовиди Аштӣ бо сарвари ширкати «Элегант»-и шаҳри Бӯстон  Абдулаҳад Муъминов дар саҳифаи дуюми «Ҷумҳурият» ҷой дода шудааст. Зимни суҳбат бо хабарнигорони нашрияи «Ҷумҳурият»  пионери гидропоникаи тоҷик А. Муъминов  доир ба афзалиятҳои ҳайратовари гидропоника-  усули инқилобии парвариши зироат бидуни хок, ки метавонад истифодаи васеи он дар  бахши кишоварзии мамлакат таҳаввулот ба вуҷуд орад, маълумот додааст.

Ҳамзамон нашрияи «Ҷумҳурият» дар ин шуморааш дар мавзӯъҳои марбут ба Паёми Пешвои миллат, низоми  бонкӣ ва дигар рӯйдодҳои дохил ва хориҷи кишвар хабару мақолаҳо мунташир намудааст.

Нашрияи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум»  дар шумораи 8 январи  соли 2019 (№4 (3954) соли бистунуҳуми нашри худ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудаанд, дар саҳифаҳояш чоп намудааст. Ҳамзамон нашрияи парлумонӣ  мусоҳибаи рӯзноманигори «Садои мардум» Бурҳониддин Каримзодаро бо чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои мамлакат зери унвони   «Пешвои миллат бештар ба маориф,  илм  ва таълиму тарбия таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд» мунташир намудааст.

Нашрияи русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар шумораи рӯзи 9 январи соли 2019 (№2-3 (20181) Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар бораи эълон  намудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ», инчунин барқияи ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар иртибот ба  фоҷиаи таркиши газ дар бинои истиқоматии шаҳри Магнитогорск ба вуқӯъомадаро интишор намудааст. Инчунин нашрияи мазкур  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби  Президенти мамлакат ба имзо расидаанд, дар саҳифаҳояш нашр намудааст.

Хонандагони нашрияи расмии русии «НГ» ҳамзамон имкон доранд дар саҳифаи аввали ин рӯзнома мусоҳибаи сардабири «НГ» Маҳбуба Камоловаро бо Сафири  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин таҳти унони «Таджикистан – молодая страна и полна потенциала» мутолиа созанд. Ҳамзамон «НГ» мусоҳибаю мақолаҳоро  бо номи «Индустриализация страны-четвертая стратегическая цель», «Борьба с фанатизмом», «Наука занимает  ведущее место  в развитии государства»-ро мунташир намудааст.

«Минбари халқ» нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи 9 январи  соли 2019, чоршанбе №2 (1191)-и худ хабару мақолаҳоро  таҳти унвони  «Роҳнамои ояндаи нек», «Сафари гурӯҳи кори ҲХДТ ба Русия», «Равшанӣ то Бадахшон», «Роғун омили муҳими рушд аст», «Бемасъулиятӣ ё камбизоатӣ?» ва дигар маводро вобаста ба фаъолияти ҲХДТ ва ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат нашр намудааст, ки аз раванди созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат шаҳодат медиҳанд.

Январь 10, 2019 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид