Гурӯҳи таблиғотии ҲХДТ ба ҳамватанони бурунмарзӣ Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ медиҳад

Январь 12, 2019 10:56

ДУШАНБЕ, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тӯли як ҳафта аст, ки гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  таҳти роҳбарии Раиси Кумита Зоир Раҳмонзода  бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷўёну  соҳибкорон, ҳамватанон, инчунин фаъолони муқими шаҳрҳои Краснодар ва Сочии Федератсияи Россия мулоқоту вохӯриҳо доир намуда истодаанд.    

Гурӯҳи таблиғотӣ зимни мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрўзаи рушди давлатдории Тоҷикистон, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон  таъкид сохтанд, аз ҷумла доир ба ҳифз ва таҳким бахшидан ба давлатдории миллӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, тақвият бахшидани ҳисси ватандўстӣ дар байни наврасону ҷавонон, густариши фарҳанги сулҳ, ҳалли масоили ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ  ибрози андеша намуданд.

Ҳамватанони бурунмарзӣ аз ҳадафҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари давлат изҳори хушҳолӣ намуда, зикр карданд, ки амалисозии он аз ҳар фарди ватандӯст ҳисси баланди масъулиятшиносӣ талаб менамояд.

Ҳамватаноне, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ машғуланд, изҳор намуданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду нумӯи Ватани азиз саҳми худро мегузоранд.

Чунин вохӯрию мулоқотҳои гурӯҳи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия идома доранд.

Январь 12, 2019 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон