Гурӯҳҳои таблиғотӣ моҳияти Паёми Пешвои миллатро ба сокинони пойтахт шарҳу тавзеҳ медиҳанд

Январь 9, 2019 09:05

ДУШАНБЕ, 09.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ  хабар  доданд, дар ин бора 8 январ қарори  марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Ба иттилои манбаъ, қарори мазкур бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат ба тасвиб расидааст.

«Тибқи ин қарор гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллатро, ки самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро дар бар мегирад, ба сокинони пойтахт мефаҳмонанд», — илова намуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки 26 декабри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Парлумони мамлакат ирсол намуданд. Сарвари давлат зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ бурду бохти мамлакатро дар соли сипаригардида таҳлил ва вазифаҳои минбаъдаро борои соли 2019 муайян намуданд.

Январь 9, 2019 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон