«ИЛМУ МАОРИФ – ДАР САРГАҲИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ». Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат

Январь 1, 2019 09:41

ДУШАНБЕ, 01.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар санади муҳим буда, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҳар шаҳрванди кишвар заҳмати софдилонаву шабонарӯзӣ  тақозо менамояд. Иҷрои нишондодҳои Паём ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд. Ин нуктаро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ   дар мақолаи ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааш баён доштааст. Матни пурраи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем: 

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави мелодӣ бо таъкид ба се рӯйдоди муҳими таърихӣ – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва барқарор гардидани муносиботи мутақобилаи ҳасана бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ин замина ҳалли мушкилоту масоили ҷойдошта оғоз гардид.

Зимнан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёда аз ду соат идома ёфта, тайи ин муддат тамоми паҳлуҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифт. Албатта, дар муддати зиёдтар аз ду соат ба риштаи таҳлил кашидани фаъолияти солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон мунсифона расидагӣ намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии давлат маҳорати таҳлилии хосро тақозо мекунад.

Сарвари давлат бо такя ба таҷрибаи бузурги роҳбарӣ тавонистанд, ки дар ин муддат на танҳо аз муваффақиятҳо сухан дар миён биоваранд, балки камбуду мушкилоти мавҷударо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ бозгӯ кунанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот пешниҳодоти муассир манзур созанд.

Баъдан,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи калидии барномаи сиёсӣ ва стратегияи  давлатӣ – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро пайгирӣ намуда, бар асоси он фаъолияти солонаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба таври фарогир мавриди таҳлил қарор доданд. Аз ҷумла, масоили марҳила ба марҳила афзудани буҷети  давлатӣ (соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расидани буҷети давлатӣ ва нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 дар сад афзудани он,рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 дар сад, се баробар коҳиш ёфтани  сатҳи камбизоатӣ, то ба 75 сол боло рафтани  сатҳи дарозумрии аҳолӣ, таъсис ёфтани зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кори нав, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ(дар муддати даҳ соли ахир ба иқтисоди миллӣ зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ихтисос ёфтааст), зиёд шудани майдони боғу токпарварӣ, сохтмони иншооти муҳим, сохтан ва ба истифода додани  бинои замонавии таълимӣ (танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 73 ҳазор ҷойи нишаст), таъсис додани ҷойҳои корӣ, афзоиш додани нишондодҳои микро ва макроиқтисодӣ, истихроҷи ангишт ва истеҳсоли дигар намудҳои сӯзишворӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва кишоварзӣ, танзими нархҳо дар бозори истеъмолии дохилӣ, нигоҳ доштани ҳадди пойини таварруми асъори миллӣ, пойин кардани шиддати буҳрони иқтисодию молиявӣ, рақобатпазирии иқтисодӣ дар замони буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, таъмиру тармими  роҳҳо, татбиқи сиёсати технологияҳои  инноватсионӣ, сиҳатии омма, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мушкилоти воридоти дорувории хориҷӣ, рушди сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, инкишофи илму маорифи ватанӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, тарбияи насли наврас ва ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, донишдӯстӣ, инсонпарварӣ ва гуманизм, мубориза бо терроризм, эктстремизм, қочоқи маводи мухаддир, коррупсия ва ришвахорӣ ва амсоли инҳо баррасӣ шуда, фаъолияти солонаи Ҳукумат дар робита бо соҳаю бахшҳои гуногун мавриди таҳлили ҳирфаӣ қарор гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат ҳадафи стратегии мамлакатро дар Паёми имсола мисли солҳои қаблӣ дар таъмин намудани шароити хуб ва ҳаёти арзанда барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ баҳри шаҳрвандони ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, боло бурдани масъулияти хизматчиёни давлатӣ зарур аст ва ин нуктаро Сарвари давлат на як бору ду бор, балки дар ҳар як Паёми худ таъкид мекунанд. Дар ин Паём ҳам масъалаҳои масъулиятписандӣ, кордонӣ, ташкилотчигӣ, муоширати хуби корӣ, одоби хизматчии давлатӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатӣ, самаранокии мудирияти давлатӣ матраҳ гардид.

Тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии макро ва микроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, рушди бемайлони илму маорифи бумӣ, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ дар бахшҳои гуногуни илму маориф, бавижа, дар илмҳои табию риёзӣ ва амсоли инҳо, самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат, ҳанӯз аз оғози фаъолият дар тамоми  баромаду суханрониҳояшон, ки  ба ин ё он муносибат ироа мегардиданд, ба нуктаи калидӣ — илм ва маорифи ватанӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд ва ҷойгоҳи асосӣ доштани ин ду соҳаи ба ҳам тавъамро дар сиёсати давлатӣ мунтазам  таъкид мекунанд. Ҳангоми суҳбат атрофи масоили марбут ба илму маориф Президент илмро самти калидии сиёсати давлатӣ унвон карданд.  Ба таҳсил фаро гирифтан, ба шуғлу касбомӯзӣ ва илму дониш ҷалб кардани насли наврасу ҷавони тоҷик аз авлавиятҳои сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола масъалаи муҳими давлатӣ — ба дараҷаи кишвари саноатӣ  расонидани Тоҷикистонро таъкид намуда, ин ҳадафро ба сифати ҳадафи стратегӣ дар низоми сиёсии давлати Тоҷикистон эълон намуданд. Вобаста ба ин, масъалаи то соли 2030 ба 22 дар сад расонидани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ авлавият касб мекунад. Ба кишвари саноатӣ ё ба истилоҳ — индустриалӣ табдил додани мамлакат аз кормандони сохторҳои давлатӣ, махсусан бахши иқтисодии Ҳукумат масъулият, касбият, фаросат, фазилат, донишу маърифат ва ҳимматро тақозо мекунад.

Дар зимн, силсилаи тадбирҳое, ки тайи чанд соли ахир дар самти сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ сурат гирифта истодааст, ҳадафи стратегии давлатро, ки дар Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 инъикос ёфтааст, тақвият мебахшад. Президент дар Паём бо таваҷҷуҳ ба ин масъала изҳор доштанд, ки Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ бояд табдил дод. Бунёди корхонаҳои саноатӣ аз ҳисоби сармояи дохилию хориҷӣ сабаби  рушд ва тавсеаи истеҳсолоти ватанӣ гардида, ба  тадриҷ ҷумҳуриро ба кишвари транзитӣ табдил медиҳад. Маълум аст, ки рушди миллӣ, қабл аз ҳама, ба раванди саноатикунонӣ вобаста буда, ба вуҷуд омадани ҷомеаи саноатӣ-индустриалӣ ва минбаъд баъдииндустриалӣ ба талабот ва ҳолати истеҳсолоти ватанӣ иртибот дорад.

Масъалаи рушди соҳибкории ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият дар Паём мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сарвари давлат бо мақсади тақвият бахшидани раванди соҳибкории ватанӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда шаванд. Дар ин асос таъкид гардид, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моратория ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук бояд татбиқ шавад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ»-ро ба сифати тадбири рӯзмарраи давлатӣ манзур сохтанд.

Аз рафти сохтмони  НБО-и «Роғун», ки иншооти аср маҳсуб меёбад, Сарвари давлат ёдовар шуда, аз ҷумла ишора намуданд, ки соли 2019 бо мақсади ба кор андохтани чархаи дуюми неругоҳ 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, бунёди Неругоҳи «Роғун» имкон медиҳад, ки умри НБО-и «Норак» садсолаҳо дароз гардад ва неругоҳҳои дигар, назири «Сарбанд» ва «Қайроқум» таҷдиду навсозӣ шаванд. Ҳамчунин ҷиҳати устувор кардани низоми энергетикии  кишвар лоиҳаи КАСА-1000 мавриди иҷро қарор гирифтааст, ки маблағи умумии он 11 миллиард сомонӣ (бахши Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ)-ро ташкил дода, соли 2021 ба анҷом мерасад.

Фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳукуматиро ҷиҳати бомуваффақият анҷом гирифтани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ карда, Президенти мамлакат аз «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030»-ро ёдовар шуданд  ва  бо дарназардошти зарурати инфрасохтори деҳот, солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.  Дар ин замина, зикр карда шуд, ки рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватанию хориҷӣ ва аз ин тариқ бо ҷойи кор таъмин намудану соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум аз вазифаҳои аввалиндараҷаи раҳбарони мақомоти давлатӣ ба шумор меравад.

Илм ва мориф дар саргаҳи сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст. Ин аст, ки Сарвари давлат ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа додани мақомоти давлатиро тақозо намуда, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбастҳои имрӯзӣ муаррифӣ намуданд. Ислоҳоти тадриҷӣ ва давра ба давраи маорифи миллӣ ва тамоми зинаҳои таҳсилот ва дар ин асос ҳалли мушкилоти мавҷуда  самти стратегии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ба маорифи ватанӣ таваҷҷуҳ намуда, Президент таъкид намуданд, ки афзун гардидани шумораи муассисаҳои томактабӣ дар солҳои баъдӣ имкони мусоиди тарбияи атфоли мамлакатро фароҳам меоварад. Шароити муосири мушкилоти фикрӣ ва ахлоқӣ, ки ҷомеаи моро таҳдид мекунад, навсозии зеҳнӣ ва тафаккуриро тақозо менамояд. Тавсеаи ҷаҳонбинии кӯдакон тариқи боғча ва муассисоти томактабӣ муяссар мегардад. Ин аст, ки то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ зарурати воқеӣ ва маърифатӣ аст.

Сарвари давлат ду мушкили асосиро дар соҳаи маориф таъкид намуданд: яке, нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ ва дигаре, сатҳу сифати пойини таълим. Вобаста ба ин, Пешвои миллат масъалаи аттестатсияи кормандони маорифро дар ҳар се сол як маротиба ба миён гузоштанд. Албатта, аз тариқи аттестатсия ва санҷишҳои ихтисосӣ дониши ҳайати омӯзгорӣ такмил меёбад ва роҳ барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳавӣ ҳамвор мегардад.

Сатҳи иҷрои Барномаи давлатии омӯзиш ва таҳкиму такмили забонҳои русӣ ва англисӣ, ки ҳанӯз соли 2003 ба тасвиб расида буд, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуда, натиҷаҳо дар ин самт қонеъкунанда нестанд. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат ба мақомоти марбута супориш доданд, ки Барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва манзур намоянд.

Ҷудо кардани ҷойҳои корӣ аз нукоти муҳимтарини Паём маҳсуб ёфта, Президент ҳангоми баррасии ин соҳа ба мақомоти давлатӣ дастур доданд, ки ҳамасола на камтар аз 100 ҳазор ҷойи корӣ барои шаҳрвандон таъсис диҳанд, то мушкилоти бекорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ роҳи ҳалли худро пайдо намояд. Ҳалли масоили бекорӣ тавассути ҷудо намудани ҷойҳои нави корӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани насли ҷавон ва миёнсоли ҷумҳурӣ, ба танзим даровардани фаъолияти бахшҳои шуғли аҳолӣ, кам кардани андоз барои истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони  ватанӣ,  осону сода намудани ҳуҷҷатгузорӣ дар заминаи андозситонӣ, барҳам додани бюрократизм ё расмиятчигии идорӣ, роҳ надодан ба санҷишу аудитҳои молиявии нолозим ва камаҳамияти корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти зиддахл сурат мегиранд, муқовимати давлатӣ ва иҷтимоӣ бо хатарҳои глобалии терроризму экстремизм, муборизаи саросарӣ алайҳи ришвахорӣ ва ришваситонӣ вазифаи масъулини давлатӣ ва ҳукуматӣ мебошад. Президент, барҳақ, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва расидан ба ҳадафи ниҳойӣ – сохтмони кишвари саноатӣ-аграрии муваффақро ба заҳмати софдилона ва хизмати бовиҷдононаю содиқонаи масъулини давлатӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ  вобаста донистанд.

Сарвари давлат ба занону бонувон ва насли ҷавони ҷомеа ҳамчун неруи созандаи миллӣ ва давлатӣ баҳои баланд дода, аз кӯшишу талошҳои онҳо дар роҳи илму дониш ва шинохти арзишҳои миллию давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд ва  ҷавононро ояндаи дурахшони Тоҷикистони навин хонданд. Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз эътимодашон ба ин насли ояндадор ёдовар шуда, аз насли ҷавон даъват ба амал оварданд, ки дониш андӯзанд, ба забон ва фарҳанги миллӣ эҳтиром гузоранд, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва илмҳои табию риёзиро аз худ намоянд, ба ватан ва арзишҳои инсонӣ арҷ гузоранд, дар ҳифзи ватан ва давлати миллӣ устуворона гом бардоранд.

Мушкилоти соҳаи тандурустӣ, махсусан муоширати табибон бо беморону корафтодагон дар Паёмҳои Президенти Тоҷикистон аз ҷумлаи гуфтугӯҳои муҳим маҳсуб меёбанд. Сарвари давлат дар асоси арзу шикоятҳои сокинони ҷумҳурӣ иброз доштанд, ки табибон кумакҳои аввалини тиббиро ба мизоҷон ва беморон намерасонанд ва аз ҳама муҳим, муомилаи рӯзмарраи табибон бо беморон дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Ворид намудани дорувории бесифат ва ё пастсифат, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва муоширати табибон боиси норозигӣ ва эътирози ҷомеа гардидааст. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки сари ин масъала ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоянд ва ҷиҳати мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои судманд андешанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нуқтаҳое аз қабили, самаранокии мудирияти давлатӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, таъмини муваффақонаи адолати иҷтимоӣ, боло бурдани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллӣ, бартараф кардани мушкилоти иҷтимоӣ ҷамъбаст гардид.

Илова бар ин, таҳлили муқоисавии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию мадании ҷумҳурӣ (дар қиёс бо солҳои пешин)  Паёми имсоларо нишонрас ва ҳадафманд месозад. Сарвари давлат масъалаи манофеи миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои нахустини давлатдории тоҷикӣ ҳадафи меҳварӣ маҳсуб меёфт, ба самъи ҳозирин расонида, дар ин замина, таъкид доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю талошро баҳри ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани ҷумҳурӣ анҷом медиҳад ва дар ин кор саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр бузург хоҳад буд. Ишораи муҳими Сарвари давлат оид ба он ки тамоми аъзои Ҳукумат ва роҳбарияти муассисаҳои давлатӣ хизматгори халқанд, миёни вакилони халқ, ҳозирини маҷлис ҳамовозӣ ва ҳамсадоӣ пайдо кард.

Январь 1, 2019 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ. Он ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона шудааст
АСРОРИ ОИЛАДОРИИ СУҒДИЁН. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Волидон ба фарзандон бояд аввал илму дониш ва касбу кор омӯзонанд, то дар пешбурди оиладорӣ дар намонанд
Ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» Оқилбой Гадоев: «Эҳтиром ба давлату миллат аз оила оғоз меёбад»
15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шибит давои хуб барои бемориҳои узвҳои ҳозима аст
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз масунияти баданро боло бурда, пиршавиро пешгирӣ менамояд