Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст

Май 18, 2024 10:48

ДУШАНБЕ, 18.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ мавриди пазириш қарор гирифта, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул гардид, ки дар шинохт ва рушди ҷомеаи солиму созанда дар рушди дипломатияи варзишӣ муждаи хуб мебошад. Зеро Тоҷикистон дар даврони беш аз 30 соли истиқлол тавонист бо эҷоди мактаби сулҳу суботу созандагӣ дар масоили гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла обу экология ва роҳу усулҳо барои ҳифзу ҳимояи пиряхҳои ҷаҳон ташаббусҳои созанда пешниҳод намуда, мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонад.

— Дар рушди ҷомеаи солим нақш ва ҷойгоҳи варзиш муҳим арзёбӣ шуда, дар забони дипломатия он қосиди сулҳу дӯстӣ байни кишварҳои ҷаҳон буда, ба таҳаввулу таҳкими ҳамгироии муносибатҳо мусоидат менамояд. Зеро давлатҳо барои расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоду ҳамбастагӣ ниёз доранд. Аз ҳамин лиҳоз, мусобиқаҳои варзишӣ имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳо ҳамкориро дар доираи рушди ҷомеаи солим тавсеа бахшанд.

Бояд гуфт, ки ҳамаи намудҳои варзиш, хусусан футбол дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои солимгардонӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор мераванд. Он падидаи фарҳанги умумиҷаҳоние аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд.

Бояд ишора кард, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва инчунин Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшу аҳамияти футболро дар сатҳи ҷаҳон муҳим шуморида, пешниҳод намуданд, ки тавассути қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул шавад.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси нахустини Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии футбол дар ҷаҳон бо иттифоқи оро пазируфт.

Дар қатънома аҳаммияти варзиш дар руҳияи сулҳ, тафоҳум, ҳамкории байналмилалӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе табъиз баргузор намудани чорабиниҳои бузурги дорои хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомездошта нақш мебозад.

Дар зимн, дар нашрияҳои маъруфи Покистон, аз ҷумла Рӯзномаи “Ғазнавӣ” бо забонҳои англисӣ ва урду 9 майи соли 2024 таҳти унвони «Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид» мақола ба нашр расид, ки ба ташаббуси глобалии Тоҷикистон- қабули Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудааст. Дар он ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги он дар ташвиқи тарзи ҳаёти солим таъкид гардидааст.

Бояд гуфт, ки шаҳри Сиалкоти Покистон бузургтарин истеҳсолкунандаи либосҳои футболи ба таври дастӣ дӯхташуда дар ҷаҳон буда, солона 40-60 миллион дона либосҳои варзишӣ ё футболка истеҳсол мекунанд, ки тақрибан 60% маҳсулоти ҷаҳониро ташкил медиҳад. Дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонии ФИФА тӯбҳо аз ҷониби ширкати Forward Sports дар Сиалкот сохта мешаванд, ки хеле босифат мебошанд.

Варзиш дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат ба шумор меравад. Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тарғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ байни инсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муқаррар ва танзим менамояд. Давоми 33 соли истиқлол варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд кард. Соли 1992 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташкил шуд, ки узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад ва роҳбариашро аз соли 2009 Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доранд. Истиқлол ба варзишгарони Тоҷикистон имкон фароҳам овард, то онҳо фаъолона дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ иштирок намоянд.

Дипломатияи варзишӣ дар таҳкими сулҳ ва муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Дар таърих он ҳамчун воситаи баланд бардоштани обрӯи давлату миллат ва таҳкими робитаҳо байни кишварҳо хизмат мекунад. Дар ин зимн, Бозиҳои олимпии Юнони қадим яке аз намунаҳои аввалини дипломатияи варзишӣ буданд, ки варзишгаронро аз минтақаҳои гуногун муттаҳид ва ягонагиро таҳким мебахшиданд.

Дар замони муосир дипломатияи варзишӣ барои бартараф кардани ихтилофҳо ёрӣ расонида, намунаи беҳтарини онро байни кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин дар солҳои 1970 ва Москва-Русия дар соли 1980 метавон мушоҳида кард. Ҳамин тариқ, сафарҳои варзишгарон, аз қабили тими тенниси рӯи мизи ИМА ба Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ, ки ихтилофи сиёсӣ доранд, дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчанг дар соли 2018 зери як парчам вориди варзишгоҳ шуданд, ки ба коҳиши танишҳо мусоидат кард. Дар моҳи октябри соли 2023 тими крикети Покистонро дар Аҳмадобод истиқболи гарм намуда, пешвоз гирифтанд. Дар ин зимн, моҳи феврали соли 2024 капитани тими Ҳиндустон, ки дар даври плей-офф дар Ҷоми ҷаҳонии Дэвис дар гурӯҳи 1-ум бо Покистон қувваозмоӣ намуд, аз истиқболи хеле гарм ва меҳмоннавозии ин кишвари ҳамсоя қадрдонӣ ва ташаккур намуд.

Ҳамин тариқ, тими духтаронаи ҳендболи Тоҷикистон соли 2022 бо тими Узбекистон мусобиқа намуда, ҷойи дуюм ва дертар соли 2023 дар мусобиқаи Челенҷ трофи дар шаҳри Файсалободи Покистон ҷойи 3-юмро ишғол карда, соҳиби медал гаштанд, ки далели заминаҳои хуби иқтидори дипломатияи варзишӣ ва дӯстӣ байни кишварҳо мебошад. Ҳамин тавр, тими духтарона ва писаронаи чавгонбозони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Қазоқистон ва Узбекистон иштирок намуда, маҳорати баланд нишон доданд, ки заминаи рушди ҳамсоягиву ҳамбастагӣ ва дӯстии байни ин кишварҳоро нишон медиҳад.

Ин мисолҳо тавоноии варзишро дар рафъи монеаҳо ва оғози муколамаи дипломатӣ ба таври дуруст нишон медиҳанд. Дипломатияи варзишӣ дар таҳкими муносибатҳо ва коҳиш додани муноқишаҳо замина ба вуҷуд оварда, дарҳоро барои ҳамкорӣ боз менамояд.

Дар Тоҷикистон ташкилоту федератсияҳои гуногуни варзишӣ барои рушди ҷомеаи солиму созанда фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, Федератсияи футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии варзишие аст, ки футболро дар мамлакат идора ва назорат мекунад, дар рушди дипломатияи варзишӣ нақши муҳим бозида, тими миллӣ, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон, дастаи мунтахаби олимпӣ ва футзалу футболи занона ташкил намуда, сарпарастӣ карда, иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ таъмин менамояд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аввалин маротиба дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Давҳаи Қатар фаъолона иштирок карда, то даври чорякфинал баромад. Дар бозии даври чорякфинал футболбозони мо дар рақобати баробар бо дастаи миллии Урдун қувва озмуда, ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини қора ворид шуд.

Ин чорабинии варзишӣ қобилияти варзишро барои муаррифии давлат ва иттиҳоду сарҷамъии миллат нишон дод. Бо чунин арзишҳои воло ва барои рушди ҷомеаи солиму созанда ҳамаи намуди варзиш, аз ҷумла футболро бояд истифода намуд. Чунин табодул таъсири амиқи дипломатӣ дошта, робитаҳоро осон мекунад, ки аксар вақт тавассути воситаҳои анъанавии дипломатӣ ба онҳо расидан душвортар мебошад.

Ҳамин тариқ, қабул гардидани пешниҳоди Тоҷикистон чун рушди дипломатияи варзишӣ бори дигар далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешбарандаи усулҳои тарзи ҳаёти солим ва вусъатдиҳандаи ҳамкории байналмилалии варзишӣ барои оммавӣ гардонидани он дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва зарур мешуморад.

Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Май 18, 2024 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозингари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов расман ба дастаи «Ростов»-и Русия гузариш намуд
НАЗАРИ ҲУҚУҚШИНОС. Идораҳои нотариалӣ дар низоми механизми ташаккули маърифати ҳуқуқӣ соҳиби мақоми арзандаанд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Моҳи сентябр марҳилаи интихобии мусобиқа баргузор мешавад
Витаминҳо барои организми инсон чӣ аҳамият доранд?
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таҳкимбахши ваҳдати миллӣ аст
Даврон Сафарзода: «Олимони тоҷик минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саҳм гузоранд»
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «J» қарор гирифт
Дар рӯзи аввалини бозиҳои БРИКС варзишгарони тоҷик 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи бозиҳои варзишии БРИКС 2024 дар шаҳри Қазон иштирок намуд
«ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Хатлон мусобиқаи футбол оғоз гардид
ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА КУРАШ. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби панҷ медал шуданд