Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботро дар ҳавзаи интихоботии ВМКБ №1 таъйин кард

Январь 2, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 2.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 январи соли 2019, таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласа баргузор гардид. Ба рӯзномаи ҷаласаи Комиссия як зумра масъалаҳои вобаста ба таъйин намудани интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 шомил гардиданд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2018 ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бинобар ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Тибқи моддаҳои 12, 13 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботро дар ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ба 4 марти соли 2019 таъйин карда, дар ҳавзаи зикргардида комиссияи ҳавзавии интихоботиро ташкил ва ҳайати онро муайян кард.

Ҳамзамон дар ҷаласаи Комиссия Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот дар ҳавзаи интихоботии ВМКБ №1 тасдиқ гардида, инчунин дигар масъалаҳои ба интихобот дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Январь 2, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад