Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сокини пойтахтро бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир намуданд

Январь 8, 2019 10:40

ДУШАНБЕ, 08.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як сокини пойтахт хабар медиҳад, ки дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона гумонбар дониста мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

«Гумонбаршаванда 6 январи соли 2019, тахминан соати 15:00, хонаи истиқоматии худро, ки дар кӯчаи Навбаҳор ҷойгир мебошад, ба фоҳишахона табдил додааст. Ӯ дар хонаи худ барои марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150 сомонӣ маблағ ситонидааст», — илова намуд манбаъ.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат, номбурда 6 январи соли равон хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсумро низ ба фоҳишахона табдил дода, дар он барои марди 19-сола ва зани 38-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам овардааст. Ӯ аз онҳо барои ин кори худ 250 сомонӣ маблағ ситонидааст.

Мавриди зикр хос аст, ки 2 январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро ба имзо расониданд. Дар ин миён ба Кодекси  ҷиноятӣ ва Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Аз ҷумла, ба моддаи 239 Кодекси ҷиноятӣ, ки ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ ном дорад, қисми 2 илова гардид. Тибқи он агар ҳамин кирдор такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол ҷазо дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Январь 8, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд