МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТ – КАФОЛАТИ СОЛИМӢ. Соҳибкоронро зарур аст, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулот ба сифати он таваҷҷуҳ намоянд, то дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад
ДУШАНБЕ, 16.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар самтҳои афзалиятнок ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошад. Кафолати давлатии фаъолияти озоди иқтисодӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ ишора ба он менамояд, ки давлат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун асоси иқтисодиёти миллӣ ҳавасманд буда, барои рушди бемайлони он шароити зарурӣ ва мусоид фароҳам меорад. Ин матлабро муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар ПИРНАЗАРЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз дошт. Дар зер мулоҳизаҳои ҳамсуҳбатамонро пешниҳоди хонандагон мегардонем:
Санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар ин самт ба тасвиб расидаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки фаъолияти соҳибкорӣ ҳанӯз аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои мушаххаси амалӣ андешида мешаванд. Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, муайян кардани субъектони соҳибкории хурд ва ташаккул додани иқтисодиёти гуногунҷанба, ҳанӯз 8 апрели соли 1996 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расид. Дар ин замина, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 1998 «Дар бораи тадбирҳои таҳкими дастгирии давлатии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Барномаи давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби барасмиятдарорӣ ва додани қарз ба субъектони соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар намуди фаъолияти соҳибкорӣ, нисбат ба соҳибкории ҷавонон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар ин самт чораҳои мушаххасро амалӣ мегардонад. Чунончи, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 «Дар бораи Барномаи ҷумҳуриявии дастгирии соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон барои солҳои 2000-2001», Барномаи ҷумҳуриявии дастгирии соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон барои солҳои 2000-2001 тасдиқ гардид.
Қабул шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2008 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна» дар ин самт қадами ҷиддӣ гузошт. Тибқи фармони зикргардида, нисбат ба ҳама гуна намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна дар қаламрави кишвар ба муддати ду сол мораторий эълон карда шуд. Аз чунин имтиёзҳо маротибаи дуюм соли 2011 давоми се сол шабакаи соҳибкорӣ ва тиҷорат бархурдор гардида буд. Ҳамаи ин имтиёзҳо ба хотири дастгирии соҳибкорон ва баланд бардоштани истеҳсолоти ватанӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, ашёи хоми ватанӣ, то сатҳи ниҳоӣ дар истеҳсолот бурдани он ва ба ин восита бамаротиб баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудаанд.
Дар робита ба тадбирҳои андешидашуда садҳо корхонаҳои нав ба кор шурӯъ намуда, имконияти бо кор таъмин кардани ҳазорҳо нафар шаҳрвандон фароҳам омад. Соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
26 апрели ҳамон сол дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки «ташкили Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба таъмини минбаъдаи рушди босубот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва дар ин замина амалӣ намудани ҳадафҳои миллии мамлакат мусоидат менамояд. Вақти он расидааст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти фонд ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои аз буҷет ҷудошаванда фаъолияти ҳамаи муассисаҳои маблағгузорӣ, ки ба дастгирии соҳибкорӣ равона гардидааст, мукаммал гардонида шавад. Аз ин лиҳоз, бояд шаффофият ва самаранокии истифодаи гранту маблағҳои давлатӣ, ки барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ равона мегарданд, таъмин ва ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ чораҷӯӣ карда шавад».
Ҷиҳати кам ва сода гардонидани расмиёти маъмурии бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 19 майи соли 2009 қабул шуда, бақайдгирии давлатии субъектони фаъолияти соҳибкорӣ тавассути «равзанаи ягона» ташкил гардид.
Оид ба принсипи «равзанаи ягона» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2009 ба дурустӣ зикр гардид, ки «принсипи «равзанаи ягона» бояд дар муомила бо соҳибкорон амри воқеӣ бошад ва дар ин ҷода шароите бояд муҳайё сохт, ки ҳар як соҳибкор ва шаҳрванди хоҳишманд тавонад дар муддати кӯтоҳтарин ҳуҷҷатҳои марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷорати худро аз қайд гузаронида, ба фаъолият шурӯъ намояд».
Бо қабул шудани қонуни зикршуда ва таъсис ёфтани «равзанаи ягона» шаҳрвандон имконият пайдо карданд, ки расмиёти маъмуриро оид ба бақайдгирии давлатии субъектони соҳибкорӣ дар муддати панҷ рӯзи корӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ва дар муддати се рӯзи корӣ барои соҳибкорони инфиродӣ анҷом дода, фаъолияти хоҷагидориро ба амал бароранд.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 чун паёмҳои қаблӣ соҳибкорӣ падидаи калидӣ боқӣ монда, дастгирӣ ва рушд ёфтани соҳа махсус таъкид гардид. Аз ҷумла, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муаррифӣ кардани маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, дарёфти бозорҳои содирот, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар хориҷи кишвар тақвият бахшанд.
Қобили зикр аст, ки солҳои 2019-2020 доираи мораторий бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиддан васеъ гардида, паҳн шудани муқаррароти Қонун «Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ мувофиқи мақсад дониста шуд. Илова ба ин, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда шуд, ки дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидани ташаббуси дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунад, имконият фароҳам меорад, ки баробари боло рафтани донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, фазои сармоягузорӣ беҳтар гардида, сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ пайдо карда шавад.
Чунин марказҳо метавонанд бо ҷалби мутахассисони соҳа махсусиятҳои ҷалби сармоягузоронро ба фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ омӯзонида, азхудшавии онро заминагузорӣ намоянд. Таҳия ва қабул шудани Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» ва амалӣ гардидани «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» аҳамиятнокии чунин марказҳоро тақвият дода, воқеан барои ба яке аз қувваҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ табдил ёфтани соҳибкорӣ асос мегузорад.
Солҳои охир бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷайҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯии инкишофёфта буда, аз 90 самти истеҳсолот иборат аст ва беш аз 140 навъи маҳсулотро истеҳсол мекунад. Афзалиятҳои нисбии кишвар дар шароити имрӯза ба соҳаҳои истихроҷу коркарди маъдан, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ рост меоянд. Соҳибкорону сармоягузоронро зарур аст, ки малакаву имкониятҳои худро барои истеҳсол ва содироти маҳсулоти дорои қобилияти рақобат дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ ва ба даст овардани арзиши баланди иловагӣ равона намоянд. Хусусан дар шароити ҳассоси муносибатҳои геосиёсӣ, авҷ гирифтани бархӯрдҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гузоштани заминаҳои мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифат, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, соҳибкоронро зарур аст, ки ҳангоми истеҳсоли молу маҳсулот ба сифати он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. То маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо хушсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад.
Ҳамин тавр, дар асоси таҳлилҳо хулоса кардан мумкин аст, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ мавқеи калидӣ дошта, пешрафти соҳаро мутобиқ ба талаботи замони нав замина мегузорад. Ин аз мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва субъектони соҳибкорӣ талаб менамояд, ки нисбат ба тадбирҳои андешидашаванда муносибати ҷиддӣ зоҳир намуда, аз имкониятҳои фароҳам овардашуда мутобиқ ба манфиати миллӣ ва фазои созгор истифода намоянд. Ва баҳри ободии ҳар як гӯшаи диёр самгузор буда, барои пешрафти он такони бузург бахшанд.