ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 09.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 25-30 ва рӯзона 12-17 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар дигар ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2 ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шабона боридани борони суст дар назар буда, рӯзона бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе шабона борони суст меборад. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






