ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон дар назар аст

Январь 15, 2019 08:16

ДУШАНБЕ, 15.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда,  боридани борон ва барф дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок буда, боридани барф дар назар аст. Дар баъзе ҳолатҳо барфи шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12, инчунин то 18 дараҷа ва   рӯзона -3+2 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона 7-12  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст.  Шамол  аз самти шарқ ба ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона  6-11  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона -3+2  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Дар баландии 2000 метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7  ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар   доманакӯҳҳо шабона -2+3  ва рӯзона  5-10  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи шиддатнок   дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4   ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6  ва рӯзона    -1+4  дараҷа сард  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст.  Ҳаво  шабона 2-4 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Январь 15, 2019 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад