ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон ва барф дар назар аст

Январь 4, 2019 08:24

ДУШАНБЕ, 04.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон  ва барф    дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда  шуда, боридани борон ва гузаштани он ба барф  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11   ва   рӯзона 2-3 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 18-23  ва рӯзона 4-9  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол  аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона  0-5  дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат шабона 3-8 ва рӯзона 2-3 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  боридани борон ва барф пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии он дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона   3-8  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо  ҳарорат ба  -1+4 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ боридани борон ва барф дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона -4+4 ва рӯзона     4-9  дараҷа гарм мешавад. Дар баландкӯҳҳо ҳарорат шабона 1-6, инчунин то 10 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  рӯзона борон борида, шабона боридани барфи  тар дар назар аст.    Ҳаво   шабона 1-3  ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Январь 4, 2019 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст