ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барфи тар дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 10-15 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ борону барф меборад. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа сардӣ дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона ва рӯзона ба 0-5 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -3+2 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






