ОВОЗА ВА ҲАҚИҚАТ: 5 ҲАЗОР ДОЛЛАР БАРОИ ЯК ЛОНАИ КӮРШАПАРАК? Вокуниши бахши ҳифзи муҳити шаҳри Панҷакент дар ин бора

Январь 26, 2019 11:42

ДУШАНБЕ, 26.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар сомонаи «Ахбор» зери унвони «Бизнеси нав: 5 ҳазор доллар барои як лонаи кӯршапарак» мавод нашр шуда, дар он, аз ҷумла зикр шудааст, ки лӯлиёни сокини шаҳри Панҷакент барои ҷустуҷӯ ва харидории лонаи кӯршапарак бо арзиши 5 ҳазор доллари ИМА деҳа ба деҳа гашта, иброз доштаанд, ки онро барои сохтани доруи зидди саратон истифода мекунанд. Дар робита ба ин мавод вокуниши расмии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ба идораи АМИТ «Ховар» ворид гардид, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем:

«Матлабе, ки санаи 24.01 соли 2019 аз тариқи сомонаи «Ахбор.com» бо номи «Бизнеси нав: 5 ҳазор доллар барои як лонаи кӯршапарак» интишор шудааст, дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо ҷалби мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Овозаҳо дар бораи аз ҷониби лӯлиҳои сокини шаҳри Панҷакент ҷустуҷӯ кардани лонаи кӯршапаракро мо ҳам шунидем ва ҳоло барои муайян кардани харидор ва фурӯшандагони он тадбирҳо андешида мешаванд.

Аз ҷумла, бо Қандил Каримов ном сокини деҳаи Дашти Қозӣ, ки сомона ба истинод ба гуфтаи ӯ аз ҷониби лӯлиҳо кӯшиши харидани як лонаи кӯршапарак ва ба он ба сабаби кӯҳнаю шикаста ва даҳонаш набаста будан 1000 доллар нарх гузоштанашон суҳбат анҷом дода шуд. Ӯ бо харидорони лонаи кӯршапарак вохӯрданашу савдо кардани онро қатъиян рад кард.

Бо вуҷуди ин ҳоло бо ҷалби кормандони бахш ва дӯстдорони табиат ҷустуҷӯ намудани ин нафарон идома дорад. Дар сурати исботи ин ҳодиса онҳо тибқи қонунҳои ҷорӣ ҷарима карда мешаванд.

Сониян, дар матлаби сомона омадааст, ки бо иҷозатномаи мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент чанд сокини шаҳри Истаравшан дар ҳудуди деҳаи Дашти Қозӣ ба шикори саъба машғул шудаанд.

Ба иттилои сомона мерасонем, ки мудири бахши ҳифзи муҳити зист салоҳияти додани чунин иҷозатномаро надорад ва санҷиши мо собит намуд, ки чунин иҷозатномаро Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали Панҷакент» низ надодааст.

Зиёда аз ин дар собиқ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист сокинони шаҳри Истаравшан Шӯҳрат Собиров ва Алиҷон Шарифовро барои шикори ғайриқонунӣ дастгир карда буданд ва онҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ҳам шуданд.

Ҳоло мо аз тариқи радиои маҳаллӣ ба сокинони шаҳру деҳот муроҷиат намуда, таъкид доштем, ки онҳо агар дар бораи харидорони лонаи кӯршапарак, шикори парандагону ҳайвоноти ваҳшӣ, дигар ҳодисаҳои расонидани зиён ба табиат шоҳид мешаванд ё маълумоте доранд, худро бетараф нагиранд, ба мо хабар диҳанд.

Табиат хонаи ҳамаи мост ва барои ҳифзи он низ ҳама масъул ҳастем».

А. ҒАФУРОВ,
мудири бахши ҳифзи муҳити зисти
шаҳри Панҷакент

P.S. Тавре натиҷаҳои таҳқиқоти кӯтоҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» Бекназари Абӯбакр гувоҳӣ медиҳанд, кӯршапаракҳо шояд ягона аз анвои паррандагон бошанд, ки лона намесозанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Б. Абӯбакр худ зодаи шаҳри Панҷакент аст. Ба саволи ӯ дар бораи он, ки оё дар умри худ боре аз наздик лонаи кӯршапаракро дидаанд, чандин нафар сокинони Панҷакент, аз ҷумла сокинони деҳаи Дашти Қозӣ ҷавоби рад додаанд.

Пас кӯршапаракҳо дар куҷо ҳаёт ба сар мебаранд?

Бино ба шаҳодати орнитологҳо, кӯршапаракҳо барои зиндагӣ дар ҷойҳои шамолпаноҳ ва гарм паноҳгоҳи табиӣ ё сунъӣ  (мағора, мағоқ, болохона, таҳхона ё сӯрохии девору болори манзилҳои истиқоматии одамон ва ё танаи дарахтон) ёфта, рӯзу шабро ҳамон ҷо мегузаронанд. Баъзан лонаҳои куҳнаеро, ки паррандаҳои дигар тарк кардаанд,  манзил ихтиёр мекунанд. Шояд лонаҳоеро, ки дар аксҳо лонаи кӯршапарак муаррифӣ мекунанд, ҳамин гуна лонаҳо бошанд.

Ба ҳар сурат, овоза дар бораи он, ки гӯё  кӯршапарак лонаи хоси худро дорад ва он аз ҷониби табибон барои табобати бемории саратон истифода мешавад, дурӯғи маҳз аст. То ҳол табибони олам, ҳатто дар кишварҳои тиббашон рушдёфта давои бемории саратонро наёфтаанд.

Мавриди зикр аст, ки пештар аз ин дар Ӯзбекистони ҳамсоя низ чунин овоза паҳн шуда буд ва мардум ба он бовар карда, пайи ҷустуҷӯи лонаи кӯршапарак афтоданд ва паррандаҳоро аз ҷои зисташон маҳрум намуданд. Дар ин бора муҳофизони табиати кишвари ҳамсоя тариқи радиои «Озодӣ» бонги изтироб зада, онро  «пирамидаи пулӣ» номида буданд.   Ин як навъ «бозӣ»-и (усули) тавассути иштирокчиёни он торафт бештар ҷалб кардани иштирокчиёни дигар ва ба ин васила  ба даст овардани даромади муфт  мебошад. Яъне як навъ доми тазвир аст, дигар ҳеҷ чиз.

Ба хонандагон муроҷиат мекунем: ҳушёр бошед ва ба ин дом наафтед!

Январь 26, 2019 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид