Парлумони Тоҷикистон Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Аз нав пайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ»- ро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Аз нав пайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ»- ро баррасӣ намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, муҳокима карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, аъзои Шӯро Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе, Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе»-ро баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа инчунин Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон», Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Бохтар- Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон», Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарори дахлдор қабул намуданд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






