ПАЁМ-ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ МАМЛАКАТ. Гузориш аз маҷлиси ҳизбии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод» дар АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 18.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси ҳизбии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод»-и АМИТ «Ховар», ки бо иштироки Директори агентӣ — Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ C.Сиддиқ ва аъзои ташкилот баргузор гардид, Паёми навбатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд. Дар ин бора дирӯз дар саҳифаи расмии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» хабар дода шудааст.
Тавре дар хабар омадааст, зимни тавзеҳи Паём Раиси ташкилот зикр кард, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ирсол гардид, омили муҳими рушди мамлакат ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад. Иҷрои онҳо рушди ҳамаҷонибаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд.
Мавсуф афзуд, ки Сарвари давлат дар Паёми худ муҳимтарин дастовардҳо ва рӯйдодҳои соли 2018, ҳадафҳои нави стратегии мамлакат, ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари саноатӣ — аграрӣ табдил додани мамлакат, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019 — 2021-ро махсус зикр намуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯсти Тоҷикистон, аз ҷумла ҳар як узви ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод» барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи амалии нуктаҳои дар Паём зикргардида масъул мебошад.
«Бинобар ин мо бояд барои ободию пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона фаъолият намуда, дар атрофи сиёсати пешгирифтаи созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем», — гуфт C.Сиддиқ.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






