Паёми Пешвои миллат муҳимтарин самтҳои рушди Тоҷикистонро муайян кардааст
ДУШАНБЕ, 14.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода дар маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бо интихобкунандагони худ вохӯрда, дар радифи тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо мушкилоти ҷойдошта дар ҳаёти онҳо шинос шуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи Паёми Пешвои миллат зикр кард, ки Паёми Президенти мамлакат ба Парлумон аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешрафти мамлакат шаҳодат медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар Паём муҳимтарин дастовардҳои соли 2018, ҳадафҳои нави стратегии мамлакат, ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари саноатӣ — аграрӣ табдил додани мамлакат, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019 — 2021 махсус зикр гардидааст. Дар ин росто Паёми Пешвои миллат муҳимтарин самтҳои рушди Тоҷикистонро муайян намудааст.
«Ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯсти Тоҷикистон барои саҳми шоиста гузоштан дар татбиқи амалии нуктаҳои дар Паём зикргардида масъул аст, мо бояд барои ободию пешрафти ин ватан содиқона фаъолият кунем, зеро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд, ки ин Ватанро ғайр аз худи мо каси дигаре обод намекунад», — иброз дошт вакили Маҷлиси намояндагон дар назди интихобкунандагони худ.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






