Паёми Пешвои миллатро гумрукчиёни мамлакат сармашқи кори худ қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 24.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати рушди самтҳои асосии фаъолияти мақомоти гумрук ва ноил гардидан ба пешрафти устувор саъю талош менамоянд. Ин нукта дар ҷамъомаде, ки дирӯз бахшида Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук доир гардид, иброз дошта шуд.
Дар ҷамъомад, ки ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок дошт, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Изатулло Ҳурматзода ва сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Қутбиддин Сафарзода сухан карданд. Гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар даврае пешниҳод гардид, ки ҷумҳуриамон вориди марҳилаи рушд гардида, ба сӯи бунёдкорию созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Зикр шуд, ки соли 2018 барои Тоҷикистон соли комёбиҳо буд. Паёми соли 2017 ба санае рост омад, ки Созмони Милали Муттаҳид (СММ) пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» қабул намуда буд. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар маънидод мегардад.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир ва оқибатҳои ногувори ин таҳдидҳоро таъкид намудаанд. Аз ин рӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда шуданд, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромилӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин пешгирии шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо тақвият бахшанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






