РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОН – ДАР НОВОСИБИРСК! Дар яке аз шаҳрҳои сернуфустарини Россия намоиши расму оинҳои миллӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ дар толори васеи Донишгоҳи Давлатии Сибир дар шаҳри Новосибирск намоиши расму оинҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид, ки дар он осори таърихии мардуми тоҷик, расму мусаввараҳои инъикосгари табиати нотакрору зебо, канданиҳои фоиданок, санъати кулолгарӣ, таббохӣ, кашидадӯзию чакандӯзӣ манзури тамошобинони сершумори минтақаи Сибир гардонида шуд.
Намоиши мазкур бо ибтикори консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск Зардӣ Шамсиддин, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск Шералӣ Нуриддин ва ҷамъияти тоҷикон бо номи «Сомониён», ки ба он Минҳоҷиддин Каримов, Хоҷаназар Абдуллоев ва Бегназар Абдуллоев сарварӣ мекунанд, баргузор шуда, дар он доираи васеи донишҷӯён ва намояндагони ҲХДТ, ки бо сафари корӣ дар минтақаи Сибир қарор доранд, иштирок намуданд.
Тамошобинони сершумор аз ширкатҳои сайёҳии Новосибирск, устодони донишгоҳҳои Сибир, донишҷӯён ва дигар одамони касбу кори гуногун ба намоишгоҳ омада, аз дидани он ғизои маънавӣ гирифтанд ва ба фарҳангу таърихию бои мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.
Бояд зикр кард, ки баргузории чунин намоишҳои фарҳангӣ дар ҷалби сайёҳон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва шиносонидани тоҷикон чун миллати соҳибтамаддун нақши муҳим дорад.
Садбарги БОҚӢ,
хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар»,
Новосибирск, ФР,








Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ






