Рушди иқтисодии мамлакат дар меҳвари Паёми Пешвои миллат қарор дорад-бардошт аз мулоқот бо сокинони ноҳияи Ашт

Январь 4, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 04.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. 3 январи соли равон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода бо мақсади шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Ашт мулоқот анҷом дод. Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ашӯрбой Солеҳзода нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Сарвари давлатро шарҳ дода, аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шуд.

Зикр шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла рушди иқтисодии он дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Зеро самти мазкур яке аз масъалаҳои калидии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 мебошад.

Тавре Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ зикр намуданд:  «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст».

Ашӯрбой Солеҳзода доир ба амалӣ шудани як зумра лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ сухан гуфт.

«Бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои созандагиву ободонӣ бомаром ҷараён доранд.   Аз ҷумла, ҷиҳати дар ҳар як маҳалла ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба истифода додани мактабу китобхонаҳо, беморхона, корхонаҳои истеҳсоливу дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва сайругашти оммавӣ,  ҳаммом, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн корҳои бунёдкорӣ идома доранд. Дар ин радиф ноҳияи Ашт яке аз намунаҳост»,- илова намуд Ашӯрбой Солеҳзода.

Зимни мулоқот бо ёдоварӣ аз нуктаи муҳими Паёми имсола, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободониро дар бар мегирифт, гуфта шуд: «Давоми солҳои 2018-2021 ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ва навсозии 131 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар аст.  Аз шумораи умумии иншоот беш аз 90 ададаш бо саҳмгузории соҳибкорон ва аҳолии ноҳия бунёд, таъмир ва навсозӣ карда мешаванд».

Дар фарҷом гуфта шуд, ки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва сокинони он чун ҳамеша дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар самти идома додани корҳои ободониву созандагӣ ва наздик намудани симои деҳот ба шаҳр камари ҳиммат мебанданд.

Январь 4, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид