САДА ПАЙКИ НАХУСТИНИ БАҲОР АСТ. 27 январ дар Хуҷанд ин ҷашни миллӣ ботантана таҷлил мегардад

Январь 25, 2019 09:53

ХУҶАНД, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 январи соли равон дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавиии ба номи Камоли Хуҷандии маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд  Иди Сада бо баргузории барномаи идона ва намоиш-фурӯши ниҳолҳо баргузор мегардад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд сардори раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ориф Набиев иттилоъ дод, имрӯзҳо омодагӣ ба таҷлили ҷашни Сада аз ҷониби масъулини бахшу шуъбаҳои фарҳанги 18 шаҳру ноҳия идома дорад. Тибқи нақша, таҷлили ин ҷашн 28 ва 29 январ дар ҳамаи минтақаҳои вилоят дар сатҳи баланд баргузор мегардад.

27 январ дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд барномаи асосии вилоятии таҷлили ҷашни Сада  бо баргузории намоиши калони рангини консертӣ ва театрӣ бо номи «Нурафшон» бо иштироки ҳунармандони театри ба номи К.Хуҷандӣ ва тамошобини наврас, ансамблҳои рақсии Ғ.Валаматзода,  «Зебо», «Чаманоро»,  «Маҳастӣ» ва санъаткорони маркази вилоят доир мегардад.

Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят хайма-намоиши маҳсули дастии занони ҳунарманд, чун зардӯзӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, инчунин ҳунари рассомону ороишгарон, қаннодону ошпазон ба намоиш гузошта шуда, барномаи фолклорӣ низ манзури ҳозирин гардонида мешавад.

Инчунин бино ба иттилои мудири бахши истеҳсолоти идораи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода, дар ин рӯз аз ҷониби масъулини идораи Сарраёсати кишоварзӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят, намояндагони шаш муассисаи ниҳолпарварии вилоят ва соҳибкорону дӯстдорони табиат  намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо, тухмии зироати кишоварзиву заҳрхимикатҳо ва нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ доир ба усули обёрии қатрагӣ ташкил карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми тоҷик буда, ҳамчунин ин идро муждаи баҳор ҳам меноманд. Тибқи ривоятҳо, дар ҷашни бостонии Сада гулхан меафрӯхтанд ва ният мекарданд, ки гармию рӯшноии он бояд мардумро аз сардии зимистон ба рӯшноиву гармиҳои баҳор расонад. Инчунин ин ҷашнро барои он Сада меномиданд, ки он аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Дар ин робита, Умари Хайём  дар китоби «Наврӯзнома»-и хеш   Садаро ба Фаридун нисбат дода, онро ҳамчун оини раҳоии мардум аз ҷабри Заҳҳок медонад, ки инро мардум фоли нек хонданд: «Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷабру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро ба ҷой меоваранд».

Ишорати Унсурӣ ба интисоби ҷашни Сада ба номи Фаридун дар як байте робитае ба ҳамин ривоят дорад, ки фармудааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Январь 25, 2019 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон