«САДА – ТАЛЕАИ НАВРӮЗ…». Онро дар фарҳанги мардумӣ фурсати баромадани чиллаи Офтоб ҳам мегўянд, зеро оташи афрўхта рамзи нури хуршед будааст
ДУШАНБЕ, 27.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ, хосса иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи падидаҳои фарҳанги куҳан ва оину суннатҳои аҷдодӣ барои мардуми тоҷик имконоти мусоид фароҳам овард, то дар амри руҷӯъ ба таърихи гузашта ва зинда гардонидану бузургдошти мероси моддиву маънавии хеш талош ва пайкорҳое ба зуҳур расонанд. Маҳсули ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат аст, ки дар баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳрон шурӯъ аз соли 2017 ҷашни Сада низ ба тақвими ҷашну санаҳои миллии мо шомил гардида, барои таҷлили бошукӯҳи он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Ин матлабро дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ НУРЗОД ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ баён дошт. Матни пурраи онро манзури хонандагон мегардонем:
Дар назари аввал шинохти моҳият ва асолати ин ҷашни деринаи аҷдодӣ-Сада ва маърифати саҳеҳу равшани он, ки таърихи чандинҳазорсоларо соҳиб аст, рисолати муҳими ҳар яке аз мо, меросбарони ин суннати куҳани фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.
Роҷеъ ба замони пайдоиш ва марҳилаҳои таҳаввули ин ҷашни куҳан дар сарчашмаҳо ва осори таърихӣ матолиби фаровоне омадааст, ки маҷмўи он агар аз диди аввал ба куҳан будани таърихи зуҳури ҷашни Сада таъкид варзанд, аз сўи дигар маҳбубияти ин оини деринаи ниёи шарафманди моро дар даврони мухталифи таърихӣ ба субут мерасонанд. Маҷмўи мабоҳиси марбут ба сарчашмашиносии ҷашни Сада, замони оғоз ва омилҳои маъруфияти он дар миёни мардумро метавон дар чанд даста мавриди баррасӣ қарор дод. Зеро худ роҷеъ ба асли зуҳури он чандгонагии дидгоҳу назарҳо ҷой дорад, ки ҳақиқати ин амр дар оинаи асотир ва ривоёти мухталиф муҷассам мебошад.
Баҳси аввалияе, ки бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардад, тафсир ва шарҳи маънии луғавӣ ва пайванди он ба асли маъноии вожа ё ба таъбири дигар истилоҳи сада дар фарҳанги куҳани миллии мо ба шумор меравад. Агар нахустин сарчашмаи хаттии ниёкони мо ҳамоно китоби Авасто ба шумор меравад, пас ба орои аҳли таҳқиқ ин вожа дар ин манбаи аввалин омадааст, ҳарчанд ба иттифоқи пажўҳишҳои анҷомёфта сароғози зуҳури ҷашни Сада ба ҳазорсолаҳо пештар аз вуҷуди таърихии ин китоби марбут ба оини зардуштӣ мерасад. Ҳамин тавр, вожаи Сада дар Авасто ва забони санскрит ба гунаи сата (Cata) мавриди истифода қарор доштааст, ки ҳамоно маънии рўшанӣ, тулўъ намудан, инчунин оташи шуълакунанда ё баландшўъларо доштааст. Ҳарчанд бархе аз пажўҳишгарон ин маъниро нисбат ба вожаи «сада» рамзӣ ва маҷоз» донистаанд, аммо таъсири гунаи мазкури маъноии он дар намунаҳое аз ашъори шоирони форсу тоҷик ба мушоҳида мерасад. Чунончи, дар «Фарҳанги ҷаҳонгирӣ» ду байте аз шоир Азрақии Ҳиравӣ зикр шудааст, ки баёнгари ҳамин маънии вожаи «Сада» мебошад:
Аз ҷавру ситези ту ба ҳар беҳудае,
Дар ҳар нафас аз сина барорам садае.
Эй ишқи ту дар дили ман оташзадае,
Мардӣ набувад ситез бо дилшудае.
Ҳамин тавр, унвони ҷашни Сада дар забонҳои форсии миёна ва паҳлавӣ ба гунаи садак ё садаг даромада, баробари нуфузи забони арабӣ ва фарҳанги исломӣ шакли садақ касб намудааст.
Ривояти дигаре, ки ба асли пайдоиши ҷашни Сада пайванд мегирад ва то ҷое тавзеҳи тулўъ, равшанӣ, оташи барҷаҳанда доштани маънои онро барҷастатар мегардонад, аз матлаби кашфи оташ ҳамчун унсури офариниш ҳикоят мекунад. Сарчашмаи аслии зуҳури он дар ҳамосаи бузурги миллии мо «Шоҳнома» қарор дорад, ки достони ихтирои оташро тавассути Ҳушанг нақл мекунад. Мўҳтавои ин тадбири шоҳи пешдодӣ дар мавриди чигунагии кашфи оташ аз сўи Ҳаким Фирдавсӣ чунин тасреҳ шудааст, ки рўзе шоҳ Ҳушанг бо ҷамоате, ки дар бархе аз ривоёт онро сад нафар ҳам гуфтаанд, бар даште сафар намуд, чун пешорўяш чизе дарозу сияҳранг, тиратану тезтоз пайдо гардид ва бо чашмони пурхун мехост ба шоҳ ҳамлавар гардад. Ҳушанг сангеро гирифт ва хост бар сари ў бизанад. Иттифоқан санги партобкардаи вай бар санге дигар бархурд ва фурўғе аз он падид омад. Мунтаҳо оташ ба вуҷуд омад ва он таърихро Ҳушанг Сад унвон ниҳод ва минбаъд ҳамагон ҷашн гирифтанд:
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд каси ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизи дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар ду чашмаи хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.
Ба зӯри каёнӣ раҳонид даст,
Ҷаҳонсӯз моразҷаҳонҷӯҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳамону ҳамин санг гардид хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Аз ин табъи санг оташ омад фароз.
Ҷаҳондор пеши Ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Шаб омад бирафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард,
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард.
Аз ин тафсири Ҳаким Фирдавсӣ дар навбати аввал метавон бар ин андеша расид, ки ҳамоно шарҳи вожаи Сада ба маънии тулўъ, шўълаи оташ ва ба иттифоқи шарҳи дар китоби «Бурҳони қотеъ» омада, «ба маънии шаби оташи баланд бошад, чу сада ба маънии оташи баланд аст» бо асли пайдоиши он қаробате дорад ва ҳамин тавр оини Сада дар навбати аввал ба кашфи оташ ҳамчун унсури офариниш ва яке аз омилҳои муҳими зиндагонии башарият, ки гармиву рўшаниву нур ба он рабт дорад, пайванд мегирад ва он ҳаргиз иртиботе ба парастиши оташ дар дини зардуштӣ надорад. Бар асоси таҳқиқи ривоёт ва ҳам шинохти таърихи подшоҳии пешдодиён, агар Ҳушанг мухтареи оташ эътироф гардидааст, андешаҳои аҳли таҳқиқ дар мавриди он ки пайдоиши Сада ва оину суннатҳои он дар сурати кашфи оташ бештараш 3000 қабл аз зуҳури оини зардуштӣ иттифоқ афтода будааст, саҳеҳ ба назар мерасад.
Ҷанбаи дигари ҳузури Сада дар фарҳанги миллии мо ба милод ва камолоти хуршед марбут аст, ки онро ҷашни офтоб ё чиллаи хуршед ҳам меноманд. Мутобиқи ривоёти куҳан, ниёкони мо шаби Ялдоро ҳамчун шаби милоди Хуршед ва ё ба таъбири дигар «шаби зоиши дубораи хуршед» донистаанд, ки мутобиқ бар поёни моҳи Озар ва аввали Даймоҳ ва бар асоси тақвими ҷадид, шаби бистуякум ба бистудуи декабр будааст. Шаби милоди фариштаи Митро ё Меҳр, ки ҳамон офтоб ба шумор меравад, низ дар нисбати ин шаб гуфа шудааст. Ҳамин гуна, мутобиқи асотири куҳан чун ин шом аз ҳама ториктарин маҳсуб ёфта ва он пас ҳаракат ба сўи рўшанӣ ва гармӣ афзун мегарадад, бад-ин сабаб ниёкони мо он замонро шаби «зоиши дубораи хуршед» унвон намудаанд, ки то Обонрўз, фурсати фаро расидани ҷашни Сада аз он чиҳил рўз сипарӣ мешавад.
Аз ин рў, ҷашни Садаро дар фарҳанги мардумӣ ҳамчун фурсати баромадани чиллаи Офтоб ҳам мегўяд, ки оташи афрўхта дар ин ҷашн рамзи ҳамон нури хуршед будааст. Фурўзонии оташро гузаштагони мо ҳамчун намоди офтоб ва рўшаниву нур дар айёми зимистони қаҳратун ва шабҳои ҳанўз торик пиндошта, бар асоси он ба истиқболи омадани рўзҳои гарму афзудани рўшаноиву фурсатҳои саршори нур дар атрофи оташ шодиҳо ва оинҳои шодиофар иҷро мекарданд. Баъдтар барои афрўхтани оташ пиндору боварҳои дигаре ҳам афзуда шуд, ки яке аз онҳо мутобиқи ривоёт чун дар қадим танҳо ду фасл сармову гармо ё ба истилоҳи қудамо «зимистони панҷмоҳа» ва «тобистони ҳафтмоҳа» мавҷуд будааст, бо гузашти сад рўз аз фасли зимистон ё сармо мардум ба умеди расидани гармо ва рўшанӣ оташ меафрўхтаанд. Яке аз овомили робитаи номи ҷашни мазкур ба шумораи сад ба ҳамин тадбир куҳан пайванд доштааст. Ба иттифоқи фарҳангнависон ва муаррихон ин оин дар аҳди Сосониён ҳам бо ҳамин шева ҷараён доштааст ва шояд бунёди ҷашни Садаро ба Ардашери Бобакон нисбат додани Абурайҳони Берунӣ иртиботе ба ин таъкиди тантанаи ин ҷашн дар замони ин хонадон бошад, вагарна таърихи зуҳури ҷашни Сада ба ҳазорсолаҳое пеш аз ин гиреҳ мехўрад.Фузун бар ин, Берунӣ худ низ дар «Осорулбоқия» аз пайванди Сада ба ҳамон андешаи сад рўзи аввали фасли сармо ё «зимистони панҷмоҳа» ёдовар шудааст.
Омили дигари пайванди ҷашни Сада ба шумораи сад, ки аксари донишварону муаррихон ва муҳаққиқон онро қайд намудаанд, пайванд ба он дошта, ки аз замони таҷлили Сада то поёни сол, яъне омадани Наврўз панҷоҳ шаб ва панҷоҳ рўз боқӣ мемонад, ки ҳар ду маҷмўан баробар ба сад бошанд. Ба ин хотир, ин таърихро гузаштагони мо гиромӣ дошта, ҳамчун ҷашне ба истиқболи Наврўз таҷлил менамудаанд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби «ат-Тафҳим»оварда, ки сада баргирифта аз сад аст…ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳаргоҳ рўзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол сад ба даст меояд.
Ҳамзамон, Берунӣ ду ривояти дигаре марбут ба пайванди ҷашни Сада ва шумораи сад меоварад, ки яке ба таъкиди ў чун фарзандони Каюмарс (падари нахустин) дуруст сад тан шуданд ва яе аз худро подшоҳ гардониданд, он рўзро гиромӣ доштанд ва ид карданд. Берунӣ ривояти дувумеро ҳам меоварад, ки он низ асос ва пайванд дар ҳамин ривояти аввал дорад: «Бархе бар онанд, ки дар ин рўз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд». Баъдтар дар бархе аз сарчашмаҳои даврони исломӣ ин ривоёт гунаи дигаре аз худро гирифт, ки он ҷо таъкид мешавад, ки чун фарзандони Ҳазрати Одам (а) ба сад расиданд, ин ҷашн эҷод гардид, ки албатта ин шакли дигаре аз ҳамон ривояти болост, дар робита ба Каюмарс. Шод ба ҳамин иллат аст, ки Манучеҳрӣ фармуда:
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад,
Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад.
Чу бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад.
Бо он ки Манучеҳрӣ зуҳури ин ҷашнро ба ҳамин ривояти боло пайванд медиҳад, ки нисбате ба Каюмарс дорад, аммо ҳамоно ривояти марбут ба Ҳушангро дар иртибот ба кашфи оташ низ сарфи назар накардааст, чун дар мисраи савум асли онро зи нур, ки ҳамон кашфи оташ маҳсуб мебошад, дониста, фаръашро ба мо нисбат медиҳад, ки ҳамоно шарҳи нукоти марбут ба мор дар устураи ихтирои оташ ба шумор меравад.
Ривояти дигаре ҳам дар робита ба пайванди шумораи сад ва ҷашни сад мавҷуд аст, ки онро сарчашмаҳо ба Фаридун нисбат медиҳанд. Устураи мазкур дар фарҳанги «Бурҳони қотеъ» ба гунаи зайл нақл шуда: «Чун Фаридун бар Заҳҳок даст ёфт, хидаму наздикони ӯро мегирифту мекушт, аз он ҷумла таббохе дошт Армоил ном, ки мардумонро куштӣ ва мағзи сари эшонро ҷиҳати морони Заҳҳок берун кардӣ, назди Фаридун овараданд, хост ки ӯро ба уқубати тамоми бикушад. Армоил гуфт: Ҳар рӯз як касро аз он ду кас, ки ба ман медоданд, ки бикушам, озод мекардаму дар ивазӯ мағзи сари гӯсфанд дохил менамудам. Ту бояд ки бо ман мукофоти некӣ ба ҷойоварӣ ва агар боваре надорӣ, инак он мардум паноҳ ба кӯҳи Дамованд бурдаанд. Фаридун бо лашкар савор шуду мутаваҷҷеҳи кӯҳи Дамованд гардид, то он мардумро ба шаҳри боз овард, чун наздик расид, шаб даромаду роҳро гум карданд, пасби фармуд, то оташи бисёре барафрӯхтанд ва мардумони гурехта чунон оташи бидиданд, ҳайрон монданд, ки оё чӣ чиз аст? Мутаваҷҷеҳи оташ шуданд ва халқе азим озод кардагони таббох ҷамъ омаданд, гӯянд: Он шаб сад ҷо оташ афрўхта буданд ва он шаби даҳуми баҳманмоҳ буд». Тибқи ин ривояти мазкур нахуст агар дар сад макон афрўхтани оташ ваҷҳи робитаи ҷашни мазкур ба шумораи сад бошад, мутобиқи ишороти дигари вобаста ба ин устура гўё шуморагони он мардони наҷотёфта низ сад нафар будааст. Умари Хайём низ дар китоби «Наврӯзнома»-и хеш аз иртиботи Сада ба Афридун нисбат дода, онро ҳамчун оини раҳоии мардум аз ҷабри Заҳҳок медонад, ки мардум фоли нек хонданд ва ин карданд: «Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли некон рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳарсол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд». Ишорати Унсурӣ ба интисоби ҷашни Сада ба номи Фаридун дар як байте аз худ робитае ба ҳамин ривоят дорад, ки фармуда:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Ҳаройина, иртиботи ҷашни Сада ба Наврўзи Аҷам, ки дар фосилаи панҷоҳ шабу панҷоҳ рўз қабл аз он сурат мегирифтааст, ҷанбаи пайванди ин ҷашнро ба табиат ва ҳаракоти Офтобу башорати расидани фасли баҳору гармо тақвият мебахшад. Ин аст, ки Фаррухии Систони омадани Садаро фоли ҳузури муждаи Наврўз унвон мекунад ва таъкид медорад, ки ин ҷашн барои он омада, ки омадани Наврўзро паём расонад:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тароз.
Манучеҳрӣ бошад, ҷашни Садаро талояи Наврўзи навбаҳор унвон мекунад. Вожаи талоя дар луѓат ба маънии аввалин нишонае, ки аз ҳар чизе намоён ва ҷилвагар мешавад, тавзеҳ ёфтааст. Аз ин ҷост, ки Манучеҳрӣ Садаро нишоне аз ҳузури Наврўз унвон мекунад, ки мардумро аз омадани ин ҷашни хуҷаста паём мерасонад:
Инак, биомадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада–талояи Наврӯзи навбаҳор
Аз ин рў, ҷанбаи дигари афрўхтани оташ, ки арзиш ва аҳамияти ахлоқӣ ҳам касб кардааст, марбут ба ҳамин паёмрасонии Сада аз омадани Наврўз мебошад, зеро мутобиқ ба ақидаи ниёкони мо оташи афрўхта, маҷмўи касифиву палидиҳоеро, ки фасли зимистон ва сармо эҷод мекунад, месўзанд. Баробари ин, тавассути афрўхтани оташ ба замин нафаси гармӣ ато намуда, онро аз карахтиву хомушӣ наҷот медодаанд, то ба сўи баҳор дар ҳаракат ояд.
Маҷмўи ин оинҳову русуми марбут ба Сада ҳанўз аз дергоҳи таърих таваҷҷўҳи аҳли адабро барои ситоишу вафси ин ҷашни накўӣ ба сўи худ кашид. Дар шумори осори зиёди бозмода дар забони паҳлавӣ таълифоте бо номи «Ойиннома»-ҳо маъруф мебошанд, ки бахше аз онҳо ба шарҳу тавзеҳи оинҳои таркиби ҷашнҳои куҳани мо аз ҷумла Сада ихтисос ёфтаанд. Устод Низомиддин Зоҳидов дар робита ба ин вежагии ин навъ асарҳо чунин навиштаанд: «Дар манобеи асрҳои аввали ислом дар миёни китобҳое, ки аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шуданд, дар радифи «Худойнома» ва «Тоҷнома» маъмулан аз «Ойиннома» ёд шудааст.
«Ойиннома» ба дастае аз китобҳои аҳди Сосониён итлоr мешавад, ки мавзўи онҳоро «Одобу русуми дарбор, маротиб ва мақомоти бузургони давлат ва намояндагони табақоти иxтимоӣ, қавоид ва русуми бозиҳо ва саргармиҳо, одоби ҷанг, ойинҳои баргузории ҷашнҳои эронӣ, монанди Наврўз, Меҳргон ва Сада, мавзўоти динӣ ҳамроҳ бо зикри устураҳо, достонҳо, латифаҳо ва суханони ҳикматомез» фароҳам меовардаанд». Аз ин таъкид равшан ҳувайдост, ки пеш аз ҳама тавассути чунин осор чигунагии таҷлили ҷашни Сада дар қатори Наврўз ва Меҳрон ва расму оинҳои таркиби онҳо то имрўз расидаанд. Баъдан, дар қаламрави адабиёти форсу тоҷик ба сурудаҳои фаровоне дучор метавон омад, ки маҷмўан аз вежагиҳои хоси ҷашни Сада ва арзишу аҳамияти он сухан мекунанд, ки аллакай ба чанде аз онҳо ишорат рафт. Афрухтани оташ ва пайванди он ба рўшанӣ бо умеди расидани мардум ба рўзҳои пурнур ва хуррами баҳор яке аз мавзўоти меҳварии сурудаҳои шоирон дар ситоиши Сада аст. Аз ҷумла, боз ҳам Манучеҳрӣ фармуда:
Рӯшанӣ бар осмон аз хоки тира бар шавад,
Рӯшанӣ бар осмон з-ин оташи ҷашни Сада.
Фаррухии Систонӣ бошад дар ҳадди баландии муайян барфурўхтани оташи Садаро махсус таъкид менамояд, ки воқеан расме аз даврони куҳан ба ёдгор мондааст:
Шаби Сада-ст яке оташи баланд афрӯз,
Ҳақастмар Садаро бар ту, ҳаққи он бигзор.
Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила суннатҳои деринаи ниёкони мо, аз ҷумла ҷашнҳои миллии Наврўз, Меҳрон, Сада эҳё гардида, ҳамакнун ба тақвими миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид гардидаанд. Хоса, ҷашни Сада, ки ҳамакнун пас аз ворид гардидани он ба тақвим шукўҳу шаҳомати хосае миёни мардум касб намуда, рисолати бузурги таърихии хешро барқарор менамояд. Ба таъкиди Пешвои миллат «Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд.
Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири хотираи фарҳангии чандин ҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.
Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони пешин бар меояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хосса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.
Маросиму ойинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дар баргирандаи нияту орзуҳои гузаштагони мо мебошанд».
Боварии комил дорем, ки эҳёи ин ҷашни миллии ниёкон ҳамчун рамзи некӣ, рўшаноӣ, сарҷамъиву ваҳдати мардум, ҷашни нуру сурур барои афзудан гармии меҳру ихлоси халқи шарафманди Тоҷикистони азиз, равнақи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, хуррамиву шукуфоии сарзамини аҷдодии мо нақши муассир хоҳад гузошта, ҳамасола бо ҳузури хеш дар тақвими мо чун паёмовари Наврўзи навбаҳор ба зиндагонии мардум наврўзу баҳору гармиву рўшанӣ ва суруди хуррамиҳоро мужда хоҳад овард.