Садоқат ба Ватан неруи зафаровар аст- тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар Гвардияи миллӣ

Январь 15, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 15.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҳамоише, ки дирӯз дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, афсарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва як гурӯҳ сарбозон доир гардид, тавзеҳ дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуьбаи иттилоотӣ ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба се рўйдоди муҳими соли 2018,  ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардидаанд, сухан намуданд. Ин се рӯйдоди муҳим Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буда,  барои ҷавонон мояи ифтихору пайравӣ, мактаби ҷасорату ватандӯстӣ  ва худшиносӣ мебошад.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки садоқат ба Президент, халқу Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дар ҳамин рӯҳия тарбия намудани ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси роҳбарият ва ҳайати шахсии ин сохтори қудратии кишвар аст. Дар ин росто дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паём таъкид гардидаанд,  бояд  ҷавонон ба шароиту дигаргуниҳои таърихӣ тобовар, худшиносу худогоҳ ва ба арзишҳои миллӣ устувор бошанд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро дар ҳама ҳолат нигоҳ  доранд.

«Неруи зафаровар дар садоқати мо ба Ватан буда, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат бояд пайваста маҳорату малакаи касбии сарбозону афсаронро баланд бардошта, амнияти давлату ҷомеаро таъмин намоем»,-таъкид кард муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар фарҷоми ҳамоиш.

Январь 15, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон