Садоқат ба Ватан неруи зафаровар аст- тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар Гвардияи миллӣ
ДУШАНБЕ, 15.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҳамоише, ки дирӯз дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, афсарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва як гурӯҳ сарбозон доир гардид, тавзеҳ дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуьбаи иттилоотӣ ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба се рўйдоди муҳими соли 2018, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардидаанд, сухан намуданд. Ин се рӯйдоди муҳим Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буда, барои ҷавонон мояи ифтихору пайравӣ, мактаби ҷасорату ватандӯстӣ ва худшиносӣ мебошад.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки садоқат ба Президент, халқу Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дар ҳамин рӯҳия тарбия намудани ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси роҳбарият ва ҳайати шахсии ин сохтори қудратии кишвар аст. Дар ин росто дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паём таъкид гардидаанд, бояд ҷавонон ба шароиту дигаргуниҳои таърихӣ тобовар, худшиносу худогоҳ ва ба арзишҳои миллӣ устувор бошанд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро дар ҳама ҳолат нигоҳ доранд.
«Неруи зафаровар дар садоқати мо ба Ватан буда, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат бояд пайваста маҳорату малакаи касбии сарбозону афсаронро баланд бардошта, амнияти давлату ҷомеаро таъмин намоем»,-таъкид кард муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар фарҷоми ҳамоиш.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






