Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Ироқ Эътимоднома супорид

Январь 9, 2019 14:25

ДУШАНБЕ, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода  8 январи соли 2019 дар Қасри Саломи шаҳри Бағдод Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Ироқ  Бархам Аҳмад Солеҳ супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Баъд аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Сафир бо Президенти он кишвар сурат гирифт.

Нахуст Сафир паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамтои ироқиашон расонида, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон пирӯзии Ироқро ба гурӯҳи террористии ДИИШ табрику таҳният намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ироқ дар навбати худ ба Роҳбарият ва мардуми тоҷик изҳори сипос намуда, Сафирро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мансаб шодбош гуфта, аз Зубайдулло Зубайдзода даъват ба амал овард, ки баҳри тақвияти муносибатҳои дуҷониба саъю талоши бештар дошта бошад.

Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаи густариши ҳамкорӣ дар тамоми арсаҳои ҳаётан муҳим бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба баррасӣ гардид.

Январь 9, 2019 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд