«САЛОМ, ЭЙ ҲАМВАТАН!». Шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ин ҳафта

Январь 17, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 17.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Матбуоти даврии Тоҷикистон ҳафтаи равон рӯйдоду  навгониҳоеро, ки дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат ва ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастаанд, дар саҳифаҳои худ инъикос намудаанд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар  шумораи рӯзи чоршанбе, 16 январ №13 (23616) Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ворид намудани тағйирот  ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, № 990» ва шарҳи Фармони мазкурро нашр намудааст. Дар шарҳи Фармони мазкур гуфта мешавад, ки то 1 январи соли 2021 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мораторий эълон карда мешавад. Мақсади эълон намудани мораторий, дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

«Уфуқҳои Истиқлол» -сарчашмаи боътимоди худшиносӣ- таҳти чунин унвон нашрияи «Ҷумҳурият»  андешаҳои  ходими илмии Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои  ҷумҳурӣ  Фазилат Саидоваро чоп намудааст. Дар он муаллиф андешаҳояшро атрофи китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои Истиқлол» баён намуда, гуфтааст, ки «китоби «Уфуқҳои истиқлол» сарчашмаи муътамад ва нодири маълумот оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Муаллиф дар он мушкилот ва дастовардҳои тамоми самтҳои ҷомеаро мавриди омӯзиши амиқ қарор додаанд. Ва ҳам он чун дастури пурарзиш барои шинохти арзишҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ, алалхусус барои  ҷавонон аҳамияти хосса дорад».
Инчунин нашрияи «Ҷумҳурият»  дар ин шуморааш таҳти унвони  «Пешвои миллат  ва ҷилои корномаҳои таърихӣ дар оинаи соли 2018» мақолаеро чоп кардааст, ки дар он аз сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар ин минтақаи дурдасти кӯҳистони мамлакат нақл мекунад. Ҳамзамон рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият»  дар саҳифаҳояш мақолаҳоро бо номи «Хуҷанд қадами  ҷиддӣ дар самти саноатикунонӣ», «Агар волидон масъулият ҳис намекунанд…» ва  «Садаро ҳурмати бисёр бувад» -ро мунташир намудааст, ки дар он фолкоршиноси шинохтаи тоҷик Рӯзӣ Аҳмад роҷеъ ба таърихи пайдоиши  ҷашни Сада  андешаҳояшро баён карда гуфтааст, ки «тибқи андешаи ниёгони мо, равшанӣ ва оташу Хуршед таҷаллии Худованд аст. Мардумони  ориёитабор аз даврони бостон чунин меандешиданд ва ҳангоме ситоиши Худовандро  ба ҷо оварда, намоз мегузориданд, ба сӯи Само ва Хуршед рӯ меоварданд. Ин маънии онро дошт, ки нур ва гармӣ сабаби давомияти рӯзгор ва ҳастии мавҷудот мебошад. Агар мо аз ин дидгоҳ ба ҷашнҳои ориёӣ — Наврӯз, Меҳргон ва Сада жарф назар андозем, бисёр паҳлуҳои фалсафӣ ва маънавию бадеии мероси ниёгон падид меоянд. Пайдоиши ҷашни Сада,  бидуни шубҳа, ба пайдоиши оташ иртиботи ногусастанӣ дорад».

 Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои Мардум» дар шумораи 17  январи соли равон, панҷшанбе, №7 (3957)  дар радифи нашри Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот  ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, № 990», инчунин аз ҷараёни мулоқоти вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат  бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мавод мунташир намудааст. Инчунин хонандагони нашрияи парлумонии «Садои Мардум» имкон доранд аз ин шумора маводи хабарнигорони ин нашрияро,  ки таҳти унвони «Паёмҳои Президент кафолати таъмини  сифати қонунгузорӣ мебошанд», «Такмили санадҳои  меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба рушди ин ё он соҳа такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид», «Ҳоҷӣ Ҳусайн ва Бозор Собир» ва дигар хабару мақолаҳоро, ки ба  ҳаёти сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат бахшида шудаанд, мутолиа намоянд.

Нашрияи русзабони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар шумораи  рӯзи чоршанбе, 16 январ, №4 (20182) фармонҳои Президенти мамлакатро дар иртибот ба тағйироти  кадрӣ, инчунин мақолаҳо таҳти унвони «За три года в городе Душанбе будет построена 22 учебных заведений»,  «Два важнейших  компонента: электроэнергия  и дороги –путь  к ускоренной индустриализации», «Молодёжь Таджикистана вносит вклад  в развитие страны», «Благоустройство  территории- приоритетная задача руководства района», «Актерская профессия, как полет птицы», «75 лет освобожению блокадного Ленинграда» ва ғайраро чоп намудааст.

«Минбари  халқ»  нашрияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи 16 январи соли 2019, чоршанбе, №3 (1192) мақолаҳоро аз ҳаёти ҲХДТ, дар ҳошияи Паём, мушкилоти амнияти иқтисодӣ ва рушди деҳот чоп намудааст.  Дар мақолаҳои интишорнамудаи нашрия «Салом, эй ҳамватан!», М. Майбалиев: «Мафҳуми миллати тоҷик» барои мо муқаддас аст» аз сафари ҳайати ҲХДТ ба Россия ва вохӯриҳои онҳо бо ҳамватанон дар иртибот ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат  нақл шудаааст. Инчунин хонандагон имкон доранд, ки аз саҳифаҳои «МХ»  мақолаҳои «Симои деҳот дигаргун мешавад», «Пиллаи тоҷикро кӣ ба нестӣ бурд», «Пулҳое, ки ба пул ниёз доранд», «Ирода ва ақидаи ноустувор –омили қаҷравиҳост», «Тарсо ҳамаро ба кеши худ пиндорад», «Бадахшон: дирӯз, имрӯз ва фардо», «Зери чатри ҳунар» ва ғайраро мутолиа намоянд.

Январь 17, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад