Ширкати «Сомон Эйр» ҳамкориро бо ФФТ идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 16.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ватании «Сомон Эйр» ҳамкории худро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон идома медиҳад. Бо ин мақсад дар қароргоҳи ФФТ шартномаи ҳамкории ин ниҳодҳо ба имзо расид. Ноиби ФФТ Дилшод Ҷӯраев ва директори тиҷоратии ширкати мазкур Абдулқосим Валиев ин санадро ба имзо расониданд.
Ширкати ватании «Сомон Эйр» аз соли 2017 инҷониб ҳамчун сарпараст бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судманд дорад ва дар татбиқи мақсадҳо ба ҳам кумак мерасонанд. Дар ин раванд, тавре иттилоъ дода шуд, «Сомон Эйр» ба Федератсияи футболи Тоҷикистон соли гузашта ҳамчун сарпараст дар равуои футболбозон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дохилӣ беш аз 760 000 сомонӣ саҳм гузоштааст. Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев бо изҳори миннатдорӣ аз ҳамкории тарафайн зикр намуд, ки саҳми «Сомон Эйр» дар дастовардҳои дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё низ назаррас мебошад.
Директори тиҷоратии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев омодагии ширкатро барои дастгирӣ ва ривоҷу равнақи минбаъдаи футбол дар мамлакат баён кард.
Зикр гардид, ки бинобар иштироки дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар давлати Перу мегузарад, ҳамкорӣ миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва «Сомон Эйр» ҳам вусъат меёбад.








Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад






