Сокинони ноҳияи Ванҷ Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро раҳнамои амалҳои созандаи хеш медонанд
ДУШАНБЕ, 11.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони меҳнаткаши ноҳияи Ванҷ дар қатори сокинони минтақаҳои дигари мамлакат бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро раҳнамои амалҳои созандаи хеш дониста, нуктаҳои муҳими онро мавриди амал қарор медиҳанд.
Нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба самтҳои сиёсати дохиливу хориҷиро раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим ба сокинони деҳоту ҷамаотҳои ноҳия шарҳ доданд.
Зикр гардид, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушди ҳамаҷонибаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд.
Сокинони ноҳия бо фараҳмандӣ изҳор медоранд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои маркази ноҳия ба куллӣ дигаргун шуда, як қатор иншооти муҳим бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат ифтитоҳ гардиданд.
Бо дастури Президенти мамлакат корҳои лоиҳавӣ оид ба бунёди маҷмааи меҳмонхона, боғи фарҳангу фароғатӣ, боғчаи кудакона, мумфарш намудани роҳҳои маркази ноҳия ва чароғонкунии онҳо бомаром идома дорад.
Сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорон дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда саҳми муносиб гузошта истодаанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






