Соли 2018 коргоҳҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи беш аз 1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
ХУҶАНД, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2018 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 адад корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии қариб 200 ҷои кор ба истифода дода шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра аз ҷониби 103 коргоҳи саноатии фаъоли ноҳия ба маблағи 1 млдр 146,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2017 95,0 млн. сомонӣ зиёд аст. Дар ин бора раиси ноҳияи мазкур Зариф Назирӣ 30 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки бахусус фаъолгардии коргоҳи азими муштараки «Хуаксин Ғаюр-Суғд семент» барои ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то андозае заминаи устувор гузоштааст.
Илова бар ин, чун ноҳия ноҳияи аграрӣ-саноатӣ ба ҳисоб меравад, давоми соли гузашта аз ҷониби ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ҳаҷми 1070,5 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст.
Раиси ноҳия дар мавриди омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар ҳудуди ноҳия бунёд ва таъмиру навсозии даҳҳо иншооти хурду бузурги дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст. Имрӯзҳо дар ин самт дар маркази ноҳия ва ҳамаи ҷамоатҳо корҳои ободониву сабзазоркунӣ, бунёди Қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ ва бинои муолиҷавии Беморхонаи ноҳиявӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон, навсозии Ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаев, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81 дар Ҷамоати деҳоти Исмоил ва даҳҳои дигар бо маром ҷараён доранд.
Аз ҷумла, соли сипаригашта дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача як мактаби нав барои 540 хонанда ва дар назди 5 мактаби ноҳия бинои иловагӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин давра дар самти ободонии роҳҳо корҳо амалӣ гардида, зиёда аз 256,2 км роҳҳои дохили ноҳия таъмиру мумфарш гардиданд.
Зариф Назирӣ изҳор намуд, ки бо бардошт аз Паёми Пешвои миллат ва баҳри сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни хотирмон ва барои дар ҳар як деҳаю маҳалли аҳолинишини ҷамоатҳои ноҳияҳо бунёд намудани коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ масъулини ноҳия азм доранд дар ҳамдастӣ бо соҳибкорону аҳолӣ таъмиру навсозӣ ва бунёди яктоӣ мактаби замонавӣ ва кӯдакистонро роҳандозӣ намоянд.








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад






