«Сомон-Эйр» парвозҳояшро ба самти Москва зиёд намуд
ДУШАНБЕ, 4.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби қатъ шудани парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шурӯъ аз 3 январи соли равон парвозҳои иловагиро дар масири Душанбе — Москва (Домодедово) – Душанбе, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» иҷро мекард, оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ширкати «Сомон Эйр» ғайр аз хатсайрҳои пагоҳии ҳаррӯзаи худ ба фурудгоҳи Домодедово (вақти парвоз аз Душанбе – 8:00), инчунин ҳар рӯз иловатан хатсайрҳои бегоҳирӯзиро ба фурудгоҳи Домодедовои Москва (вақти парвоз – 20:00 ба вақти маҳаллӣ, вақти нишаст дар фурудгоҳи Домодедово – 22:25, вақти парвоз аз Домодедово – 00:10, вақти нишаст дар Душанбе – 06:10 ба вақти маҳаллӣ) иҷро хоҳад кард. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва -900 иҷро мегарданд.
Мусаллам аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳафтае се маротиба –рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва шанбе парвозҳоро ба фурудгоҳи Жуковский иҷро мекунад. Вақти парвоз аз Душанбе ба Москва соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад.
Ҳамзамон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин хатсайрҳои дигарро, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз Душанбе ба Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Сургут ва Самара, аз Хуҷанд ба Москва, Санкт-Петербург, Сургут, Новосибирск ва Екатеринбург, аз Кӯлоб ба Москва, инчунин аз Бохтар ба Москва, Новосибирск ва Екатеринбург иҷро мекард, амалӣ созад.
Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад






