СОЗМОНҲОИ ХОРИҶӢ ТАВСИЯ МЕДИҲАНД, КИ САЙЁҲОН АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД НАМОЯНД. «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишвари арзандаи саёҳат дар соли 2019 шомил намуд

Январь 4, 2019 16:43

ДУШАНБЕ, 04.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» муждаи хуш расид.  Дар ин хушхабар гуфта мешавад, ки  дар рӯзҳои аввали соли 2019  рӯзномаи бонуфузи байналмилалии «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба хонандагони сершумори худ барои боздид аз Тоҷикистон  дар  соли 2019 тавсия  медиҳад. Тоҷикистон дар ин ҳаштгона мавқеи шашумро ишғол мекунад. Тавсияи «Financial Times» ба хонандагонаш бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки  Тоҷикистон воқеан бо табиати зебо ва мероси бою қадимаи таърихию фарҳангӣ ва мардуми некухисолу меҳмоннавозаш таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб ва мафтун намудааст.

Маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 Тоҷикистон тибқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳон  мавқеи намоёнро касб намуд. Аз ҷумла:

▲Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society»аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.

▲Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда,  барои  сафар ба шаҳрвандонаш  тавсия  додааст.

▲Дар ҳошияи  Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии «ITB Berlin – 2018» маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи туризм дар соли 2018» баргузор гардида, минтақаи баландкӯҳи  Бадахшони  Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуд ва дар минтақаи Осиё  ва Уқёнуси Ором ҷои аввалро сазовор  шуд.

▲Дар Намоишгоҳи  байналмилалии сайёҳии Москва  «MITT», ки бори нахуст гӯшаи  сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ  якҷо  бо ширкатҳои сайёҳии  ватанӣ ва осоишгоҳҳо зери шиори   «Хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон — кишвари куҳҳои баланд ва дилҳои нарм» ба маъраз гузоштаанд, аз ҷониби ташкилкунандагони   Намоишгоҳ ҳамчун «Гӯшаи ҷаззоб» арзёбӣ  гардид.

▲Агентии таҳлилии  «ТурСтат»-и Россия раддабандии кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишварҳои барои сайёҳони Россия маъруфтарини сайёҳии хориҷиро дар соли 2018 муайян намуд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Россия маъруфтарин  «ТОР-50» ворид гардид.

▲Бино ба натиҷаҳои   назарпурсии  агентии  таҳлилии «ТурСтат»-иРоссия, пойтахти  Тоҷикистон-шаҳри  Душанбе ба  радифи 10 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил шомил  гардид.

▲Шаҳри Душанбе дар соли 2018 ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд.

▲Институти таҳқиқотии иқтисод  ва  сулҳ (Institute of Economy and Peace) феҳрасти нави индекси  кишварҳои амниятиро интишор  сохт, ки дар он Ҷумҳурии  Тоҷикистон 4 зина  боло рафтааст. Дар ин гуруҳ Тоҷикистон аз Туркманистон, Арманистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Россия, Туркия, Исроил боло меистад.

▲ Тибқи назарсанҷии сомонаи интернетии сайёҳии «DestinationRecomended.com» Тоҷикистон ба даҳгонаи   беҳтарин хатсайрҳо дар минтақаи Осиё дониста шуда, ба ин даҳгона  инчунин Озарбойҷон, Ҷопон, Шриланка, Сингапур, Ҳиндустон, Чин, Индонезия  низ  ворид карда   шудааст.

▲Зураб Пололикашвилӣ Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ /СҶС/  дар робита баэълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат эълон гардид, чунин изҳор медорад. «Ман  аз Ҳукумати  Тоҷикистон барои ин ташаббуси ниҳоят  муҳим барои тамоми ҷаҳон, ки ба мероси фарогири фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба рушди бахши сайёҳӣ, махсусан соҳаи ҳунармандии Тоҷикистон боис мегардад, миннатдорам. Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ эълон гардидани  «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тавассути шабакаҳои иҷтимоии  худ  дар «Facebook», «Twitter», «Instagramm», «lincdin» ва ҳамчун хабар дар веб-саҳифаи СҶС  дар Аврупо паҳн   намуд.  Мутмаин ҳастам, ки соли  2018 қобилиятҳои ҳунармандони Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод ва дар маҷмӯъ ба бахши сайёҳӣ бисёр  натиҷаҳои мукаммал  мебахшад».

Гуфтаҳои Зураб Пололикашвилӣ Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар ҳолест, ки  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се соли оянда –солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ҳадафаш рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва ба кишвари туристӣ табдил додани кишварамон Тоҷикистон аст, ки орои захираю имконоти бои туристӣ аст.

Январь 4, 2019 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент Маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба истифода дода шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2025 фаъолияти назаррас дошт
Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
Имсол ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 40 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Шумораи сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст»
Ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии Кутаиси тақвият медиҳад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шурои нави диссертатсионӣ муаррифӣ карда шуд
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар ҳашт моҳ 34% афзоиш ёфтааст