ТОҶИКИСТОН СОЛИ 2019 АЗ РӮИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ АЗ ҲАМАИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ БОНКИ РУШДИ АВРУОСИЁ ПЕШ МЕГУЗАРАД. Дар ин бора дар шарҳи бонки мазкур гуфта шудааст

Январь 9, 2019 10:19

ДУШАНБЕ, 09.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ба монанди Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки рушди АвруОсиё (БРА) рушди назарраси иқтисодиёти Тоҷикистонро дар соли 2019 пешгӯӣ мекунанд, навиштааст    хабарнигори  АМИТ «Ховар».

Бонки ҷаҳонӣ рушди иқтисодиёти ҷаҳонро дар соли 2019 аз 3% то 2.9% дар заминаи зуҳуроти хатарҳо ва омилҳои номатлуб бад пешгӯӣ намуд, гуфта мешавад дар шарҳи моҳи январи БҶ — «Дурнамои иқтисодиёти ҷаҳон» (Global Economic Prospects, GEP).

Масалан, барои Россия пешгӯӣ дар соли 2019 якбора ба андозаи 0,3% банди фоизӣ — аз 1.8% то 1.5% коҳиш дода шуд. Ҳамзамон тибқи арзёбии БҶ, рушди иқтисодиёти Россия соли 2018 1,6%-ро ташкил дод ва на 1,5%-е, ки моҳи июн пешгӯӣ мешуд. Дар соли 2020 низ мисли пештара афзоиш ба андозаи 1,8% дар назар аст ва ин суръат эҳтимол соли оянд низ идома ёбад, — чунин мепиндоранд коршиносони БҶ.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Чин соли 2019 метавонад аз 6,2% (0,1 банди фоизӣ камтар аз андозае, ки дар моҳи июн дар назар буд) зиёд шуда, суръати афзоишро аз 6,5%-и соли 2018 коҳиш диҳад. Ҳамзамон арзёбӣ барои соли 2020 дар сатҳи 6,2% гузошта шуда, соли 2021 боздорӣ то сатҳи 6% дар назар аст.

БҶ пешгӯии рушди иқтисодиёти ИМА-ро дар соли 2019 дар сатҳи 2,5% нигоҳ дошта, дар ҳамин ҳол онро соли 2020 ба андозаи 0.3 банди фоизӣ — то 1.7% коҳиш дод. Дар соли 2021 заифшавии афзоиш то 1,6% пешбинӣ мешавад.

Интизорӣ барои иқтисодиёти минтақаи Аврупо соли равон каме коҳиш ёфт, яъне аз 1.7% то 1.6% поён рафт ва соли 2020 пешгӯӣ тахминан дар сатҳи 1,5% тасдиқ шудааст.

Арзёбии афзоиши ҳаҷми ММД-и Япония дар ин сол ба 0,1 банди фоизӣ ё худ 0,9%% боло рафт.

Тибқи арзёбии коршиносони БҶ, рушди иқтисодиёти Тоҷикистон  солҳои 2019-2020 6%-ро ташкил хоҳад дод.

Хазинаи байналмилалии асъор дар навбати худ пешгӯии рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро соли 2019 то 5% зиёд намуд. Дар ин хусус дар ҳисоботи нави «Дурнамои иқтисодиёти ҷаҳон» (World Economic Outlook), ки дар сомонаи ХБА интишор шудааст, гуфта мешавад.

Зимнан, иқтисодчиёни ХБА рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро дар соли 2017 дар сатҳи 4.5% пешгӯӣ карда буданд, ки аз пешбиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2,5 банди фоизӣ кам буд. Вале аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 рушди иқтисодиёти Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил дод.

Тибқи пешгӯии Бонки рушди Авруосиё (БРА), соли 2019 миёни давлатҳои аъзои БАР Тоҷикистон ба рушди баландтарини иқтисодиёт (7%) ноил мегардад. Дар ин бора дар шарҳи БРА омадааст.

«Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон соли 2019 7% пешгӯӣ мешавад. Ин нишондод миёни давлатҳои аъзои бонки мазкур баландтарин мебошад. Аз ҷумла, рушди иқтисодиёти Россия соли 2019 аз 1,8%-и соли 2018 то 1.6% коҳиш меёбад. Дар Қазоқистон аз 3,9%-и соли гузашта то 3,3% дар соли 2019 коҳиш дар назар аст. Дар Арманистон то 5% ва Беларус то 1.6% пешгӯӣ мегардад. Дар Қирғизистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2019 афзоиши суръати рушд то 3,9 фоиз дар назар аст», — гуфта мешавад дар ҳисоботи таҳлилии БРА.

Тавре зикр гардидааст, ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2019  татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ мусоидат хоҳанд кард.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, соли 2019 рушди иқтисодиёт дар сатҳи 7% пешгӯӣ мешавад. Ҳамзамон ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ҷудо намудани захираҳои бузурги молиявӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ҷалби қарз ва грантҳо ба нақша гирифта шудааст. Ҷудо намудани маблағҳои назаррас ба соҳаи энергетика ва нақлиёт низ дар назар аст.

Мувофиқи маълумоти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ҳоло дар соҳаи нақлиёт 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми умумии 7,5 миллиард сомонӣ (796,1 миллион доллари ИМА) татбиқ шуда истодаанд.

Танҳо соли 2018 тақрибан 200 километр роҳҳои дохилию байналмилалӣ ва 45 пулҳо сохта шуданд.

«Асосан татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро муайян мекунанд», — омадааст дар ҳисобот.

Дар ҳамин ҳол, рушди иқтисодиёти Қирғизистон дар сатҳи то 3,9% дар соли 2019 дар заминаи ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолии пешбинишуда пешгӯӣ мешавад.

Тибқи арзёбии БРА, рушди иқтисодиёти Россия соли 2019 нисбат ба 1,8%-и соли 2018 1,6% коҳиш меёбад.

Дар ин маврид, ин сабаби пурзӯр гардидани сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби Бонки Россия дар заминаи зуҳуроти хатарҳои таваррум мегардад. «Афзоиши сарбории андоз аз моҳи январи соли 2019 дар шароити оғоз гардидани фазои татбиқи лоиҳаҳои миллӣ дар миёнаи соли оянда ба фаъолияти иқтисодӣ таъсири кӯтоҳмуддати манфӣ мерасонад», — зикр шудааст дар ҳисобот.

Тибқи ҳисобот, заифгардии рушди иқтисодиёти Қазоқистон аз 3,9%-и соли 2018 то 3,3%-и соли 2019 аз ҷониби тадбирҳои андешидашуда дар самти сиёсати пулию қарзӣ дар баробари анҷомёбии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ бо назардошти он, ки лоиҳаҳои нав ҳоло ба марҳилаи фаъол ворид нашудаанд, муайян карда мешаванд.

Дар ҳисобот ҳамчунин омадааст, ки пешгӯии заифгардии рушди иқтисодиёт дар соли 2019 дар Арманистон то 5% ва дар Беларус то 1,6%, аз ҷумла бо анҷоми давраи барқароршавии иқтисодиёт вобаста аст.

БРА Идоракунандаи маблағҳои Фонди Авруосиёгии устуворгардонӣ ва рушд  дар ҳаҷми 8,513 миллиард доллари ИМА мебошад. Фонди мазкур соли 2009 аз ҷониби ҳукуматҳои Россия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон таъсис ёфтааст.

Қароргоҳи БРА дар шаҳри Алмаато воқеъ буда, дар шаҳри Санкт-Петербург филиал ва дар шаҳрҳои Душанбе, Остона, Бишкек, Ереван, Минск ва Москва намояндагӣ дорад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2019 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад