Артиш-мактаби шуҷоатмандӣ. Дар қисмҳои низомии Роғун ва минтақаи Рашт ҳамоишҳои идона доир гардиданд
РОҒУН, 22.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаҳои муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 051-058 таҳти унвони «Муҳофизони Ватан» байни ҷавонони синни даъватӣ ва сарбозон ҷамъомади оммавии варзишӣ доир гардид.
Ҳадаф аз баргузор намудани чунин ҳамоишҳо ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки ба ифтихори 26-умин солгарди таъсиси рӯзи Артиши миллӣ ва қадрдонии хизмати афсарону сарбозон аз ҳисоби соҳибкорону раисони шаҳру навоҳии минтақаи Рашт дар қисмҳои низомии ин минтақа дастархонҳои идона ороста, ба сарбозони фаъолу афсарони содиқ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон баҳри болидахотирии онҳо дар ин минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ консертҳои идона ташкил карда шуданд.
Ҳамчунин барои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бахшҳои ҷавонони шаҳру ноҳияҳои минтақа бо ин қисмҳои низомӣ ҳамкорӣ менамоянд ва ҷавонони синни даъватӣ аз шароити зиндагии сарбозон огоҳ гардида, дар озмунҳои ватандӯстона фаъолона иштирок менамоянд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






