Ба истифода додани манораи танзимӣ кафолати таъмини бехатарии парвозҳост
ДУШАНБЕ, 18.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳҳои май-июни соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе манораи назорати танзими идораи ҳаракати ҳавоӣ, ки алҳол сохтмонаш идома дорад, ба истифода дода шавад.
Бинобар иттилои директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, корҳои сохтмонии манораи танзимкунанда дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе моҳи марти соли 2018 оғоз гардида буданд. Ин иншооти муҳими аэронавигатсионӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи грантӣ, ки дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия бунёд мегардад, ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати ҳавоӣ ва рушди соҳаи аэронавигатсияи кишварамон нақши муассир мегузорад. Бо бунёди манораи танзимӣ, ки баландиаш 41 метрро ташкил медиҳад, биниши танзимгарон дучанд гардида, таъмини бехатарии парвозҳо дар арсаи байналмилалӣ дар бахши авиатсияи ҳавопаймоии мамлакат тақвият меёбад.
Бунёди манораи назорати танзими идораи ҳаракати ҳавоӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳолест, ки моҳи июн ва сентябри соли гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ду иншооти муҳим, ки ба рушди авиатсияи миллӣ муосидат менамоянд- терминали боркашонӣ ва толори қабули меҳмонони расмӣ, ки ҷавобгӯи сатҳи баланди хизматрасонии байналмилалӣ мебошанд, ба истифода дода шуданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






