Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 21.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 26–умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли равон дар ҷумҳурӣ баргузории 521 мусобиқаю барномаҳои оммавӣ – варзишӣ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода хабар дод.
Бино ба иттилои номбурда, инчунин дар ин рӯз дар саросари мамлакат зиёда аз 191 машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо доираи васеи наврасону ҷавонон, кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо доир карда мешаванд.
Ҳамзамон баргузории 330 мусобиқаи оммавӣ – варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, тӯби дастӣ, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, тарзи озод, юнонӣ-румӣ, дзюдо, самбо, карате–до, каратэ –кёкушинкай, аспдавонӣ, велосипедронӣ, саққобозӣ, шиноварӣ, шоҳмоту шашка, бокс, таэквондо ИТФ ва таэквондо ВТФ ба нақша гирифта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки 23 феврали соли 2019 маросими кушодашавии мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» баргузор мегардад.
Оғози мусобиқаи кушод оид ба футбол соати 9:00 муайян шудааст.








Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд






