Боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон дар Соли рушди сайёҳӣ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 09.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беш аз 1 миллиону 155 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз меҳмоннавозии тоҷикон ва манзараҳои нотакрори табиати кишварамон баҳравар гардидаанд. Ин омор дар қиёс ба соли 2017 2,6 баробар зиёд мебошад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абуғаффорзода 8 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон раванди афзоиши ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакатамонро ба сиёсати «дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани раводиди электронӣ, муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои туристии кишвар, инчунин тавсеаи муносиботи гуногунсоҳа байни Тоҷикистону Ӯзбекистон рабт дод.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ афзуд, ки танҳо тайи соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 700 ҳазор сайёҳ аз Ӯзбекистон ташриф овардаанд, ки ин раванд баёнгари рушди муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд






