Чемпионати Осиё: дастаи мунтахаби Қатар ғолиби Ҷоми миллатҳои Осиё гардид

Февраль 2, 2019 09:58

ДУШАНБЕ, 02.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта дар бозии финалии Чемпионати Осиё-2019 дастаи мунтахаби Қатар  бар Япония бо натиҷаи 3:1 ғалаба карда бори аввал дар таърихи худ Ҷоми миллатҳои Осиёро болои сар бардошт. Ин вохӯрӣ  дар варзишгоҳи «Зайд Спортс Сити Стедиум»-и  шаҳри Абу Дабӣ бо ҳузури 36 776 мухлис барпо гардид. Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад.

Дастаи мунтахаби Қатар ягона дастаест, ки дар бозиҳои Чемпионати 17-уми Осиё-2019 ҳамаи бозиҳояшро бо ғалаба анҷом дод. (Лубнон-2:0, Кореяи Шимолӣ- 6:0, Арабистони Саудӣ -2:0-дар бозиҳои гурӯҳи “Е”,  Ироқ -1:0,1/8-ниҳоӣ, Кореяи Ҷанубӣ-1:0, ¼-ниҳоӣ ва АМА-4:0, ½-ниҳоӣ ва Япония 3:1 дар финал). Нишондиҳандаҳои беҳтарини ин Чемпионат ба ҳунарнамоии дастаи мунтахаби Қатар  рабт доранд. Аввалан, ҳамлагари дастаи мунтахаби Қатар Алмаъз Алӣ бо 9 тӯби ба дарвозаи ҳарифон задааш нишонзани беҳтарини Чемпионат шинохта шуд.  Дуввум, дарвозабони ин даста Саъд Ашшиб дар мадори бозиҳо  танҳо як маротиба тӯбро аз дарвозааш гирифт, ки ин ҳам рекорд аст (дар бозии ниҳоӣ футболбози японӣ Такуми Минамино ба гол задан шарафёб шуд). Натиҷаи аз ҳама калонтарин низ дар вохӯриҳои Чемпионати Осиё дар бозии байни дастаҳои мунтахаби Қатар ва Кореяи Шимолӣ, ки  бо натиҷаи 6:0 анҷом ёфт, ба қайд гирифта шуд. Футболбозони Қатар дар ҳама бозиҳо ба дарвозаи ҳарифон 19 тӯб заданд, ки ягон даста ба ин миқдори голҳо наздики ҳам накард. Ба як маъно ғолибияти дастаи мунтахаби Қатар аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо ғайричашмдошт нест.

Дастаи мунтахаби Япония бо вуҷуди ин ки дар гурӯҳи “F» намоиши хубе надошт, аммо дар бозиҳо бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон (3:2), Уммон (1:0) ва Ӯзбекистон (2:1) пирӯзӣ ба даст оварда, дар гурӯҳ соҳиби ҷои аввал гардид. Дар  бозиҳои ҳазфӣ (плей-офф) ҳам футболбозони Япония дар муқобили Арабистони Саудӣ (1:0) ва Ветнам (1:0) бо душворӣ ба ғалаба комёб гардиданд.  Бозии аз ҳама тамошобоб ва ҷолиби самурайҳо  дар вохӯрии нимниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Эрон (3:0) зуҳур кард ва Япония даъвогари аз ҳама асосии унвони чемпиониро (Эрон дар назар аст) дар мусобиқаи  имсола дар канор намуд

Аз 8 вохӯрие, ки дастаҳои мунтахаби Қатар ва Япония  бо ҳам доштанд, 2 бозӣ бо ғалабаи  Қатар  ва ду  вохӯрӣ бо пирӯзии  японҳо ба қайд гирифта шудаасту 4 бозӣ мусовӣ ба поён расидааст.  Аммо дар вохӯрии асоию ҳалкунанда дирӯз дастаи мунтахаби Қатар бори дигар нишон дод, ки ба финал ғофилан набаромадааст ва ин даста қодир аст ба беҳтарин дастаҳои Осиёву ҷаҳон татиби бозии ғалабаовари худро пешкаш намояд.

Мақсади дастаи мунтахаби Қатар дар бозии ниҳоӣ аз шурӯъи бозӣ намоён гардид.  Алакай дар дақиқаи 12-ум Алӣ Алмаъз ҳисобро боз кард. Абдулазиз Ҳотим дар дақиқаи 27-ум бартарии қатариҳоро бештар намуд. Акрам Афиф (83-пеналтӣ) нуқтаи охирини голзаниро дар бозӣ гузошт. Ба футболбозони япон муваффақ шуд, ки дар дақиқаи 69-ум тавассути Такуми Минамино як тӯбро ба дарвозаи Қатар  зананд.

Ба ҳамин тартиб Чемпионати 17-уми Осиё дар АМА бо пирӯзии дастаи мунтахаби Қатар, ки дар таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё бори аввал аст,  ба анҷом расид. Давлати Қатар, ки мизбони бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2022 мебошад, омодагии худро ба ин мусобиқоти бонуфуз бо ба даст овардани Ҷоми Осиё тасдиқ кард.

Февраль 2, 2019 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ду майдончаи нави футбол мавриди истифода қарор гирифт
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ ВАРЗИШ ВА ПУШТИБОНИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ба ифтихори Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор шуд
Варзишгарони шаҳри Ҳисор соли 2025 соҳиби беш аз 340 медали тилло гардиданд
10 АВГУСТ-РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаш моҳи соли 2025 ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал ворид гардид
Варзишгарони Суғд дар шаш моҳ соҳиби зиёда аз 1520 медал шуданд
Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҳамоиши идона доир гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Панҷакент майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» варзишгарони 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд
Ноибони Президенти ФФТ бо ҳолати омодагии варзишгоҳҳои шаҳри Ҳисор ба мусобиқаҳои байналмилалӣ шинос шуданд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 238 медал ба даст оварданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 26 медал шуданд
Таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё дар Малайзия ду медали биринҷӣ ба даст оварданд