«ГУФТУГӮ АЗ ДӮСТӢ ДОРЕМ МО». Дар Душанбе таҳти ин унвон маҷмӯаи нависанда ва публисист Сулаймон Эрматов нашр гардид

Февраль 25, 2019 16:07

ДУШАНБЕ, 25.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Матбааи «Шарқи озод» маҷмӯаеро бо номи «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо» ба чоп расонд, ки муаллиф ва мураттиби он узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Эрматов мебошад.

Маҷмӯаи мазкур ба муносибатҳои чандинасраи мардумони тоҷику ӯзбек, ки бо талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев такони ҷиддӣ гирифтанд, бахшида шудааст.

Маҷмӯа асарҳои нависандагони тоҷику ӯзбекро, ба монанди Абдулло Орифов, Эркин Воҳидов, Улмас Умарбеков, Сироҷиддин Саид, Аскар Ҳаким, Саттор Турсун, Гулназар, Кароматулло Мирзоев, Низом Қосим, Давлат Сафар, Муҳаммадалӣ Аҷамӣ ва дигарҳоро, ки  дӯстии қавии ду мардуми ҳамсояро мадҳ мекунанд, дар бар мегирад.

Тарҷумаи осори баъзе аз нависандагон ва шоиронро аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ худи мураттиб анҷом додааст.

Пас аз сафарҳои мутақобилаи давлатии Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Душанбе ва Тошканд рафтуои озоди наздикону пайвандони шаҳрвандони ҳарду давлат имконпазир гардид. Дар робита ба ин рӯйдоди муҳим дар воситаҳои ахбори омма як зумра хабарҳо нашр гардиданд ва ба унвони Ҳукумати ду давлати ҳамсоя, ки таърихан дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷавории абадӣ доранд, шодбошиҳову миннатдориҳо садо доданд.

Дар маҷмӯа ҳамчунин гуфтаҳои ҷавонону калонсолон, меҳнаткашони одӣ, масалан, аз ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон, ки бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад, ҷамъоварӣ шудаанд.

Дар охири маҷмӯа шеърҳои классикони адабиёти ду халқ — Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом ва дигар шоирон, ки имрӯз ба ҳифзи дӯстӣ ва бародарӣ ҳамчун гавҳараки чашм, кафили ҳаёти осоишта, шукуфоӣ ва некӯаҳволии мардуми мо даъват мекунанд, оварда шудаанд.

Маҷмӯа бо суратҳои ранга ороиш ёфта, дар муқоваи он акси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷойгир карда шудаанд.

Мансур Суруш,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

Февраль 25, 2019 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид